Арабистон: Ҷаҳон шӯришиёни Сурияро фиреб дод
Image copyrightReutersВалиаҳди Арабистони Саъудӣ ҷомеъаи байналмилалиро муттаҳам карда, ки шӯришиёни Сурияро фиреб додааст.
Амир Салмон, бародари нотании малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистон, ки дар нишасти ифтитоҳияи сарони Иттиҳодияи Араб дар Кувайт сухан мегуфт, хоҳони ироаи кумакҳои бештар ба шӯришиёни Сурия барои тағйири мувозанаи қудрат шуд.
Арабистони Саъудӣ яке аз муҳимтарин ҳомиёни шӯришиён дар Сурия будааст.
Ин дар ҳоле аст ки Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи вижаи Созмони Милал дар ин нишаст гуфт, ки буҳрони Сурия роҳи ҳалли низомӣ надорад.
Оқои Иброҳимӣ хоҳони поён додан ба нақл ва интиқоли силоҳ ба Сурия шуд ва гуфт кулли минтақа дар хатар аст. Ӯ исме аз кишварҳое, ки силоҳ ба Сурия мунтақил мекунанд набурд, аммо гуфта шуда, ки Арабистон ва Қатар бештарин кумакҳои низомӣ ва таслиҳотиро ба шӯришиён ироа мекунанд. Дар муқобил Эрон ва Русия низ аз давлати Башор Асад ҳимоят кардаанд.
Даргириҳои Сурия, ки вориди чаҳорумин соли худ шуда, то кунун наздик ба 140 ҳазор кушта ва миллиюнҳо овора ва паноҳанда ба ҷой гузоштааст.
Нерӯҳои Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар даргириҳои ахир ба муваффақиятҳои қобили таваҷҷуҳе даст ёфтаанд ва аз ин рӯ гурӯҳе аз ҳомиёни шӯришиён хоҳони он шудаанд, ки силоҳҳои пешрафта дар ихтиёри онҳо қарор гирад.
Аҳмад Ҷарбо, раҳбари Эътилофи миллии Сурия низ дар нишасти имрӯзи Иттиҳодияи Араб гуфт, ки курсии холии Сурия дар ин иттиҳодия ва кулияи сафоратхонаҳои Сурия дар хориҷ аз ин кишвар бояд дар ихтиёри мухолифон қарор дода шавад.
Оқои Ҷарбо гуфтааст, ки таҳвил надодани курсии Сурия ба мухолифон ин паёмро ба Башор Асад медиҳад, ки ба "куштани мардум ҳамчунон идома диҳад".
Шайх Тамим бани Ҳамад оли сонӣ, амири Қатар низ дар суханони худ давлати Сурияро муттаҳам кард, ки ба дуруғ вонамуд мекунад, ки роҳи ҳали сиёсиро қабул карда, аммо воқеъият ин аст, ки давлати Сурия танҳо дар ҳоли харидани замон аст.
Ихтилофи назар бар сари Миср
Бештари кишварҳои ширкаткунанда дар иҷлоси сарони Иттиҳодияи Араб дар мавриди буҳрони Сурия "тавофкуқи назар" доштанд, аммо Миср ва Ихвонулмуслимин, мавзуъе аст,ки боъиси бурузи шикоф миёни кишварҳои узви иттиҳодия шудааст.
Амири Қатар дар суханони имрӯзи худ хоҳони гуфтугӯи сиёсӣ дар Миср шуд. Давлати таҳти ҳимояти низомиён дар Миср башиддат Ихвонулмуслимин ва ҳаводоронашро саркӯб карда ва ахиран садҳо нафар аз аъзои онро ба эъдом маҳкум кардааст.
Ин ихтилофи назар Қатарро дар муқобили Арабистон, Миср, Баҳрайн ва Иморот қарор дода ва боъиси сард шудани равобити миёни ин кишвар шудааст.
Қатар аз ҳомиёни Ихвонулмуслимин дар Миср буд, аммо Арабистон ва муттаҳидонаш бо он дар мухолифат буданд.
Арабистон, Баҳрайн, Иморот ва Миср ахиран суфарои худро аз Қатар фаро хонданд ва ин кишварро ба дахолат дар умури дохилии худ муттаҳам карданд.
Ин дар ҳоле аст ки нахуствазири Ироқ ҳам давлатҳои Арабистон ва Қатарро ба талош барои бесабот кардани Ироқ муттаҳам кардааст.
