Қатли фармондеҳи гурӯҳи исломгарои сурӣ дар амалиёти интиҳорӣ

  • 24 Феврал, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Кушта шудани Абӯхолид Сурӣ даргириҳои хунини байни гурӯҳҳои исломгарои мухолифи Башор Асадро ташдид хоҳад кард

Гурӯҳи Аҳрори Шом, аз гурӯҳҳои исломгарои тундрав, ки дар Сурия алайҳи Башор Асад меҷангад, эълом кардааст, ки фармондеҳаш дар як амалиёти интиҳорӣ кушта шудааст.

Абӯхолид Сурӣ, фармондеҳи ин гурӯҳ дар як бумбгузории интиҳорӣ дар мақарри ин гурӯҳ дар шаҳри Ҳалаб кушта шудааст.

Бинобар гузоришҳо, ин амалиёт тавассути гурӯҳи Давлати Исломии Ироқ ва Шом, ки аз гурӯҳҳои исломгарои тундрав аст, созмондиҳӣ шуда буд.

Ин гурӯҳ муддатест, ки бо Ҷабҳаи Исломии Сурия, муташаккил аз ҳафт гурӯҳи кучактари исломгаро, ки таҳти раҳбарии Аҳрори Шом ҳастанд, даргири рақобати хунине будааст, ки тайи он садҳо пайкорҷӯ кушта шуданд.

Гузоришҳо ҳокист, ки бумбгузории интиҳорӣ алайҳи раҳбари Аҳрори Шом тавассути як ё ду нафар, ки дар мақарри ин гурӯҳ нуфуз карда буданд, анҷом шудааст.

Гуфта мешавад, ки раҳбари кушташудаи Аҳрори Шом робитаи наздике бо шабакаи Алқоъида дошт ва намояндаи аслии Айман Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи Алқоъида, дар Сурия буд.

Ӯ ҳамчунин дар гузашта чеҳраҳои наздик ба Усома бин Лодин буд ва дар Афғонистон ва Ироқ дар ҷанг алайҳи нерӯҳои омрикоӣ ҳузури фаъъол дошт.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут, мегӯяд, ки Абӯхолид Сурӣ башиддат алайҳи гурӯҳи Давлати Исломии Ироқ ва Шом мавзеъгирӣ мекард.

Ба назари хабарнигори Би-би-сӣ, кушта шудани Абӯхолид Сурӣ дар даргириҳои хунини байни гурӯҳҳои исломгарои мухолифи Башор Асадро ташдид хоҳад кард.

Гурӯҳи Давлати Исломии Ироқ ва Шом дар авосити даймоҳи имсол аз ҳаводоронаш хост, ки ба гурӯҳҳои рақиб, ки мутобиқи аҳдофи ин гурӯҳи ҷиҳодӣ ҳаракат намекунанд, ҳамла кунанд.

Ин дархост чанд рӯз пас аз даргириҳои хунбори байни шӯришиён ва чанд соъат пас аз фарохони як гурӯҳи шӯришии дигар барои дар назар гирифтани оташбас сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Ҷабҳаи Нусрат даргириҳои дохилии гурӯҳҳои зиддиҳукуматии Сурия ба суди давлати Башор Асад хоҳад буд.

Матолиби муртабит