Ширкати атбоъи тоҷик дар ҷанги Сурия: тақсири давлат ё ҳизби мухолиф?

  • 15 Феврал, 2014
Баҳридин МуъминовImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Муъминов худ ва падару модарашро аъзои ҳизби наҳзати исломӣ муъаррифӣ кард

Телевизиюни давлатии Тоҷикистон яке аз се табаъаи ин кишварро нишон дод, ки авохири моҳи декабр барои ширкат дар ҷангҳои Сурия барои ду сол ба зиндон маҳкум шуда буданд.

Баҳриддин Муъминов, мутаваллиди соли 1989 ва сокини шаҳри Душанбе, ки дар рустои Ҳулбуки ноҳияи Восеъ зода шудааст, шаби ҷумъа ба шанбе дар телевизиюн зоҳир шуд ва худ ва падару модарашро аз аъзои ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон, муъаррифӣ кард.

Вай афзуд: "Хоҳарам Гадоева Мавлуда бо писари устоди марҳум Саид Абдуллоҳи нурӣ, раҳбари (фақиди) ҳизби наҳзати исломӣ ба шавҳар баромадааст. Ман ҳам узви ҳамин ҳизб ҳастам. Баъд аз тамом кардани мактаби миёна узви ин ҳизб шудам."

Гузоришгари телевизиюни давлатӣ эълом кард, ки оқои Муъминов соли 2010 барои гирифтани таълимоти динӣ аз роҳи Истонбул ба шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия, сафар кардааст.

Ба гуфтаи манобеъи амниятӣ, оқои Муъминов дар моҳҳои октябру ноябри соли 2011 ва феврали 2012 ҳамроҳ бо шибҳинизомиёни созмони мавсум ба "Ҷабҳат-ун-нусра", ки шохае аз созмони Алқоъида маҳсуб мешавад, дар даргириҳо алайҳи нерӯҳои ҳукумати Башор Асад ширкат кардааст.

Аммо худи ӯ танҳо аз як мавриди ба даст гирифтани силоҳ ва захмӣ кардани як низомӣ дар Сурия сухан гуфт: "Яке аз дӯстонам Имомидин ба ман силоҳро дод, рӯзи аввал гирифтем, як даҳ-понздаҳ тир холӣ кардем, яке аз низомиёни Башор Асадро аз дасташ захмӣ кардам."

Миқёси ширкати ин навҷавони тоҷик дар даргириҳои Сурия беш аз ин маълум нест. Вале гузоришгари телевизиюн гуфт, ки ба таносуби ширкати оқои Муъминов ва шариконаш дар даргириҳои Сурия ба онҳо "маблағи муъайяне пардохт мешуд" ва чанде аз ҳамсаффонаш дар амалиётҳо кушта шудаанд.

Манобеъи амниятии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Баҳриддин Муъминов "аз хурдӣ дар рӯҳияи динӣ ба воя расида" ва таҳсилоти ибтидоии диниро назди рӯҳониёни маҳаллӣ ва зери таъсири волидайнаш гирифтааст.

Пас аз фориғ шудан аз таҳсил дар мактаби мутавассит ӯ барои гирифтани таълимоти динӣ ба Сурия рафта, вале дар он ҷо "зери таъсири таблиғоти ҷиҳодии фаъъолони гурӯҳҳои теруристӣ" қарор гирифтааст.

Гузоришгари телевизиюни давлатӣ ба узвияти оқои Муъминов дар ҳизби наҳзати исломӣ таъкид карда ва мегӯяд: "Оё иқдоми мазкур ба ахлоқи як ҳизби сиёсӣ, ки рисолаташ талқини дин аст, мувофиқат мекарда бошад? Ин ҳолат изҳороти раҳбарони баъзе аз аҳзоби сиёсии кишварро, ки даъво доранд аъзои онҳо доимо таҳти назорат қарор гирифта, ҷиноят содир мекунанд, зери суол мебарад."

Бархе аз соҳибназарон муътақиданд, ки бо пахши ин гузориши телевизиюнӣ давлат мехоҳад ҳизби наҳзати исломӣ, бонуфузтарин ҳизби мухолифи худро, ба даст доштан дар фаъъолиятҳои теруристӣ муттаҳам кунад.

Дар муқобил, ҳизби наҳзати исломӣ агарчи узвияти оқои Муъминовро таъйид карда, вале гуфтааст, ки ҳизб масъули фаъъолиятҳои шахсии оқои Муъминов нест. Торнамои расмии ин ҳизб навишта, ки оқои Муъминов бо тасмими худаш барои таҳсил ба Сурия рафта ва "қасди шомил шудан ба гурӯҳҳои ҷиноятиро надоштааст."

Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, аз фаъъолони ҲНИТ, ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳизби мо ҳеч фардеро барои таҳсил ё кори дигаре ба Сурия нафиристодааст. Ҳар шаҳрванде озод аст, ки куҷо равад ва дар куҷо таҳсил кунад. Ҳизби мо дар сафарҳои шахсии аъзои он мудохила намекунад."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Маъмурони амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи солҳои ахир мавориди зиёди "ҷамъу сафарбаркунии" шаҳрвандони ин кишвар Сурия сабт шудааст

Оқои Сайфуллозода интиқоди гузоришгари телевизиюни давлатӣ аз ҲНИТ-ро бепоя хонда ва мегӯяд, ки ин иқдом ҷузъе аз барномаҳои таблиғотии ниҳодҳои давлатӣ барои бадном кардани ҳизби наҳзати исломӣ ва навъе "фазосозии муғризона" дар ҷомеъа аст, ки тайи солҳои ахир ҳамвора такрор шудааст.

Фаъъолони ҲНИТ аз давлати Тоҷикистон ҳамвора интиқод карда мегӯянд, ки бисёре аз кормандони давлатӣ ва аъзои ҳизби ҳокими халқи демукрот низ ба иттиҳоми даст доштан дар ҷароими мухталиф боздошт ва муҷозот мешаванд, вале касе аз фаъъолияти ҳизбии онҳо лаб намегушояд.

Дар ҳамин ҳол, мунтақидони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва теруристӣ тақсири худи давлат аст, зеро мақомот то кунун натавонистаанд фақру фасоди густардаро аз миён бурда ва шароити зиндагии беҳтареро барои мардум фароҳам созанд.

Дар гузориши телевизиюни давлатӣ низ зикр шуд, ки гурӯҳҳои тундрав бештар ҷавононро аз қишри "аз нигоҳи идеулужик осебпазири" муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва аз байни сокинони ҷудогона дар дохили кишвар ба фаъъолиятҳои теруристӣ ва ифротгароёна ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи маъмурони амниятии Тоҷикистон, тайи се соли ахир мавориди зиёди "ҷамъу сафарбаркунии" шаҳрвандони ин кишвар ба саффи созмону гурӯҳҳои теруристӣ дар қаламрави Сурия сабт шудааст, ҳарчанд ин маъмурон омору арқоми дақиқе дар ин бора интишор надодаанд.

Авохири моҳи декабр мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон хабар дода буданд, ки се сокини ин вилоят дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ҷони худро аз даст додаанд.

Матолиби муртабит