Маҳкумияти се табаъаи Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои Сурия
Додгоҳи олии Тоҷикистон се шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми мушорикат дар ҷангҳои Сурия равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, ин се нафар дар суфуфи нерӯҳои мухолифи Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ҷангидаанд.
Зафар Қурбонов, вакили мудофеъи ин афрод, ба хабарнигорон гуфтааст, ки муҳокимаи ин се нафар ҳафтаи гузашта дар Додгоҳи олӣ анҷом ёфтааст. Ба гуфтаи вай, додгоҳ ин се нафарро барои ду сол равонаи зиндон кардааст.
Ба гуфтаи оқои Қурбонов, додгоҳ ин се нафарро тибқи қавонини Сурия муҷрим шинохтааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи афроди маҳкумшуда, онҳо дар даргириҳо ширкат надошта ва танҳо ба манзури таҳсил озими Сурия шуда буданд.
Расонаҳои гурӯҳӣ пештар аз ҳузури ҳудуди 200 нафар аз пайкорҷӯёни тоҷиктабор дар суфуфи шӯришиёни мухолифи давлати Сурия хабар дода буданд. Гуфта мешавад, маъмулан ин афрод тавассути кишварҳои дигар, бавижа Русия, вориди қаламрави Сурия мешаванд.
