Кумаки Русия барои хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия

  • 29 Май, 2013

Вазорати умури изтирории Русия дар канори шаҳрвандони кишвараш иддае аз тоҷикистониёнро аз Сурия ба Маскав бозгардонидааст.

Ба навиштаи хабаргузории “Interfax”-и Русия ҳавопаймои мутааллиқ ба ин ниҳод дирӯз бо 128 мусофир, аз ҷумла 70 кӯдак, ба фурудгоҳи Домодедови шаҳри Маскав фуруд омадааст.

Бино ба иттилоъи ин хабаргузорӣ ҳудуди 80 нафар аз ин мусофирон сокинони Русия буда ва афроди боқимонда, аз ҷумлаи шаҳрвандони Молдовӣ, Белорус, Тоҷикистон, Укройн ва Озарбойҷон будаанд.

Ҳарчанд дар мавриди шумори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дирӯз аз Сурия ба Русия бозгаштанд, иттилоъе пахш нашуда, аммо гуфта мешавад, ки кумак барои хуруҷи онҳо аз Сурия бо дархости масъулони давлати Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло ҳудуди 400 сокини кишварҳои мустақили ҳамсуд Сурияро ба далели ноамнӣ ва даргириҳо дар он кишвар тарк кардаанд.

Дар авоили соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Русия аз вазири умури хориҷаи он кишвар дархост кард, то барои бозгардонидани атбоъи Тоҷикистон аз Сурия кумак кунанд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ то оғози нооромиҳо дар Сурия ҳудуди 60 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар кор ва таҳсил мекарданд.