Як бемористони саҳроӣ дар наздикии марзи Туркия ҳадафи бумбгузорӣ қарор гирифт
Image copyrightaИнфиҷори як худрави бумбгузоришуда дар наздикии як бемористони саҳройӣ дар шимоли Сурия ва наздик ба марзи Туркия шуморе кушта ва маҷруҳ бар ҷой гузоштааст.
Як гузориши таъйиднашуда шумори куштаҳоро 9 нафар эълом кардааст.
Ба гуфтаи фаъолони мухолифи давлати Сурия ин инфиҷор дар шаҳри Атма, ки дар кунтрули шӯришиён қарор дорад иттифоқ уфтод.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ яке аз урдугоҳҳои паноҳандагони сурӣ, ки ҳазорон паноҳҷӯро дар худ ҷой дода, дар ин шаҳр қарор дорад.
Ҳанӯз мушаххас нест ки ин бумбгузорӣ тавассути чӣ касоне анҷом шудааст.
Рӯзи гузашта Шурои Амнияти Созмони Милал бо аксарияти оро қатъномаеро дар мавриди тасҳили кумакҳои инсондӯстона ба ғайринизомиён дар Сурия тасвиб кард.
Ин қатънома хотирнишон мекунад, ки давлати Сурия бояд иҷоза диҳад кумакҳои инсондӯстона ба дасти ғайринизомиён дар саросари кишвар бирасад ва дар сурате ки ин кишвар аз ин амр худдорӣ кунад, иқдомоте алайҳи ин кишвар мади назар қарор хоҳад гирифт.
Банобар омори Созмони Милал ҳудуди 6,5 миллиюн сурӣ дар пайи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд, ки ҳудуди 2,5 миллиюн нафари онҳо ба унвони паноҳҷӯ ба сабт расидаанд.
