Давлати Сурия: Бо мардони боздоштӣ дар Ҳумс бадрафторӣ намешавад

  • 12 Феврал, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Созмони Милал умедвор аст бо тамдиди оташбас ба амалиёти имдодрасонӣ идома диҳад

Як мақоми давлати Сурия дар мавриди рафтор бо мардони боздоштшуда ҳангоми хуруҷ аз шаҳри Ҳумс итминон додааст ва Созмони Милал гуфта ба талош барои имдодрасонӣ дар охирин рӯзи оташбас идома медиҳад.

Дар вокуниш ба ибрози нигаронии Созмони Милал дар мавриди сарнавишти беш аз сесаду панҷоҳ марди сокини Ҳумс, ки дар боздошти нерӯҳои давлатии Сурия ҳастанд, фармондори ин шаҳр итминон додааст, ки бо ин афрод "хушрафторӣ" хоҳад шуд

Вай дар айни ҳол ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки сиву чаҳор тан аз боздоштшудагон ба иттиҳоми муқобила бо нерӯҳои давлатӣ, иртикоби қатл ва фирор аз хидмати сарбозӣ муқокима хоҳанд шуд.

Ин афрод замоне боздошт шуданд, ки бар асоси тавофуқи оташбаси байни давлати Сурия ва мухолифон, ҳамроҳи гурӯҳе аз занону кӯдакон ва солмандони сокини Ҳумс аз бахше аз шаҳр, ки моҳҳо дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ буда, хориҷ мешуданд.

Мақомоти давлатии Сурия гуфтаанд, ки боздоштшудагон ба як "маркази баррасӣ" эъзом шудаанд, то собиқа ва вазъияти онон мушаххас шавад. Ба гуфтаи онон, то кунун яксаду ёздаҳ тан аз ин афрод бозҷӯӣ ва озод шудаанд, аммо як саду навад тани дигар ҳамчунон зиндонӣ ҳастанд.

Image copyrightAFP
Image caption Давлати Сурия танҳо бо тахлияи занон, кӯдакон ва солмандон аз Ҳумс мувофиқат кардааст

Манобеъи Созмони Милал ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар нигарони он будаанд, ки давлати Сурия ин афродро ба занни ҳамкорӣ бо нерӯҳои мухолиф мавриди озор қарор диҳад ё ба қатл бирасонад. Боздоштшудагон, ки шуморе аз онон писарони ҷавон ҳастанд, дар як мадрасаи матрука дар боздошт ҳастанд ва мақомоти Созмони Милал мекӯшанд вазъияти ононро зери назар дошта бошанд.

Бархе аз мухолифон гуфтаанд, ки нерӯҳои давлатӣ худдории ғайринизомиён аз иқдом алайҳи мухолифон дар манотиқи ҷангиро қобили муҷозот медонанд ва ба ҳамин далел аст, ки ба ҳамалоти ҳавоӣ ва заминӣ алайҳи ин манотиқ мубодират меварзанд. Ба ин тартиб сарнавишти мардони боздоштӣ, ки дар манотиқи таҳти кунтрули мухолифони мусаллаҳ зиндагӣ мекарданд, нигаронкунанда аст.

"Як рӯз дар ҷаҳаннам"

Рӯзи чаҳоршанбе охирин рӯз аз тавофуқи байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон барои имдодрасонии Созмони Милал ба ғайринизомиёни сокини бахши қадимии шаҳри Ҳумс ва хориҷ кардани афроди осебпазир аз ин шаҳр аст.

Image copyrightAFP
Image caption Як маъмури Созмони Милал зиндагӣ дар Ҳумсро ба зиндагӣ дар ҷаҳаннам ташбеҳ кардааст

Яке аз маъмурони ҳамоҳангкунанда амалиёти имдодрасонии Созмони Милал дар мусоҳибае ба Би- би-сӣ гуфтааст, ки идомаи амалиёти имдодрасонӣ дар рӯзи чаҳоршанбе "ҳаётӣ" аст. Вай бо изҳори ин ки як рӯзро дар шаҳри Ҳумс гузаронда, аз ин таҷруба бо ҷумлаи "як рӯз дар ҷаҳаннам" ёд кард ва афзуд, ки сокинони Ҳумс ҳар рӯз худро дар чунин шароите сипарӣ мекунанд.

Фармондори Ҳумс гуфтааст, ки амалиёти хориҷ кардани ғайринизомиён ва ирсоли маводди ғизоӣ то зуҳри чаҳоршанбе идома хоҳад ёфт, ҳарчанд тавофуқи оташбас то шомгоҳи ин рӯз барқарор хоҳад буд ва Созмони Милал умедвор аст битавонад тавофуқи ду тарафро барои тамдиди оташбас дар Ҳумс ба даст оварад.

Ҳамзамон, Русия гуфтааст, ки аз қатъномае шомили илзоми давлати Сурия ва мухолифон ба риъояти оташбас ҷиҳати имдодрасонӣ ба ғайринизомиён дар манотиқи ҷангӣ ҳимоят нахоҳад кард. Пешнависи ин қатънома ба таври муштарак тавассути Урдун, Устролиё ва Лукзомбург таҳия шудааст ва ин кишварҳо умед доштанд битавонанд онро дар шӯрои Амнияти Созмони Милал ба тасвиб бирасонанд.

Нусхаҳое аз ин пешнавис барои панҷ узви доими Шӯрои Амният - Омрико, Бритониё Чин, Русия ва Фаронса, ки аз ҳаққи ветуи мусавваботи шӯро бархӯрдоранд ирсол шуда буд ва зоҳиран дар ҷаласае ғайрирасмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар пайи ин ҷаласа намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт, ки ин матн "бо воқеъият интибоқ надорад" ва афзуд, ки дар ин ҷаласа "дар мавриди чолишҳои мавҷуд дар сари роҳи ирсоли кумакҳои башардӯстона табодули назарҳое сурат гирифт", аммо дар ин маврид тавзеҳи бештаре надод.

Намояндаи Фаронса гуфтааст, ки матни ироашуда ғайрирасмӣ ва бетарафона таҳия шуда ва қобили ҳак ва ислоҳ будааст ва далели мухолифати Русия бо чунин мусаввабае ғайриқобили дарк аст.

Матолиби муртабит