'Бунбаст' дар музокироти Женев-2 дар мавриди Сурия

  • 28 Январ, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Мухолифон, ки хоҳони интиқоли қудрат дар кишвар ҳастанд, мегӯянд, ки Башор Асад набояд бахше аз ояндаи Сурия бошад

Гузоришҳо аз маҳалли музокироти байни бахше аз нерӯҳои мухолифи давлати Сурия ва намояндагони ҳукумати ин кишвар ҳокист, ки ду тараф бар сари мавзӯъи интиқоли қудрат бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Ба гуфтаи манобеъи хабарӣ, намояндагони ҳукумати Сурия, "баёнияе усулӣ"-ро дар ин робита ироа додаанд, ки дар он ишорае ба мавзӯъи интиқоли қудрат нашудааст ва ин нукта бо мухолифати намояндагони мухолифон рӯбарӯ шудааст.

Ахзари Иброҳимӣ, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия, дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки "медонам, ки на имрӯз тавофуқе сурат мегирад ва на фардо ва на ҳафтаи оянда."

Мухолифон, ки хоҳони интиқоли қудрат дар кишвар ҳастанд, мегӯянд, ки Башор Асад набояд дар ҳукумати ояндаи Сурия нақше дошта бошад.

Дар остонаи баргузории кунфронси мавсум ба Женев-2 ҳам расонаҳои Русия ба нақл аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, гузориш карда буданд, ки ӯ тамоюле ба канорагирӣ аз қудрат надорад ва қарор нест ин масъала дар музокироти сулҳ мавриди баҳс қарор бигирад.

Тавофуқ

Дар айни ҳол, рӯзи гузашта оқои Иброҳимӣ гуфт, ки давлати Сурия ба занону кӯдакон иҷозаи хуруҷ аз маҳаллаи қадими Ҳумсро, ки таҳти муҳосира аст, медиҳад.

Бо ин ҳол, Файсал Миқдод, муъовини вазири хориҷаи Сурия, гуфтааст, ки занону кӯдакон озод ҳастанд, ки Ҳумсро тарк кунанд, аммо ба гуфтаи ӯ гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ ҳастанд, ки аз хуруҷи онҳо аз шаҳр ҷилавгирӣ мекунанд.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки давлати Сурия ҳамчунин хоҳони ироаи феҳристе аз номи мардони ғайринизомии болиғе шудааст, ки тамоюли хуруҷ аз шаҳрро доранд. Ба гуфтаи мақомоти сурӣ ин иқдом барои ҳусули итминон аз ин аст, ки дар миёни онҳо афроди мусаллаҳи мухолифи давлат набошанд.

Оқои Иброҳимӣ дар айни ҳол изҳори умедворӣ кардааст, ки кумакҳои башардӯстона низ ба Ҳумс ирсол шавад.

Вай таъкид кардааст, ки мухолифон дар ҷараёни музокирот мувофиқат кардаанд, то асомии афродеро, ки дар боздошти нерӯҳои мусаллаҳи мухолиф ҳастанд, ба давлат ироа кунанд.

Нерӯҳои Башор Асад аз беш аз як сол пеш манотиқи таҳти кунтрули мухолифонро дар Ҳумс муҳосира кардаанд.

Гуфта мешавад, ки садҳо нафар дар ин манотиқ дар шароити бисёр душворе зиндагӣ мекунанд, ки бахши умдае аз онҳо дучори беморӣ шудаанд.

Аз соли 2011, ки ҷанги дохилии Сурия оғоз шуда, беш аз яксад ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.

Дар ҷанги дохилии Сурия беш аз 9 милюн нафар низ овора шудаанд ва ин ҷанг як буҳрони инсонии азим барои Сурия ва ҳамсоягонаш эҷод кардааст.

Матолиби муртабит