Дар остонаи нишасти Женев-2: Гузориши шиканҷаҳо дар Сурия ҳавлнок аст

  • 22 Январ, 2014
Сурия
Image caption Бисёре гузоришҳо дар бораи шиканҷа дар Сурияро "ҳавлнок" хондаанд

Омрико ва Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба гузоришҳои ахир дар бораи ин ки Сурия аз ибтидои эътирозҳо то кунун ҳудуди 11 ҳазор боздоштшударо шиканҷа ва эъдом кардааст, онро 'ҳавлнок' хондаанд.

Ин гузоришро се ҳуқуқдони байналмилалӣ мубтанӣ бар мадорики бадастомада аз як аккоси собиқи артиши Сурия таҳия кардаанд, ки ба гуфтаи онон нишондиҳандаи шиканҷа ва ҷинояти созмонёфта дар он кишвар аст.

Дар остонаи кунферонси Женев-2 барои ёфтани роҳи ҳалле барои буҳрони Сурия, Омрико гуфтааст, ки ин гузоришҳо зарурати барканории Башор Асад аз риёсати ҷумҳурии Сурияро барҷастатар кардааст.

Як сухангӯйи давлати Сурия ин гузоришҳоро беэътибор хондааст, чун бо ҳимояти Қатар мунташир шуда, ки аз шӯришиён ҳимоят мекунад.

Ҳайъатҳои диплумотики кишварҳои даъватшуда ба кунферонси Женев-2 барои Сурия рӯзи сешанбеи аввали баҳман (21 январ) озими шаҳри Мунтру дар Суис шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе ин нишаст оғоз мешавад ва барои ду рӯзи баъд ҳам дар шаҳри Женев ҳам идома меёбад.

Ин нишаст қарор аст барои даргирии сесола дар Сурия роҳҳалле пайдо кунад, буҳроне ки то кунун ҷони дастикам сад ҳазор нафарро гирифта ва милюнҳо нафарро овора кардааст.

Ҷим Муир, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут, мегӯяд ангезаи сиёсии интишори ин гузоришҳо, ки бо ҳимояти Қатар ва дуруст пеш аз нишасти Женев-2 сурат гирифта воқеъияти ривоятшуда дар мустанадотро камранг намекунад.

Таъкиди СММ бар 'лузуми таҳқиқоти бештар'

Image copyrightAFP
Image caption Гузориши ҳуқуқдонҳои байналмилалӣ огоҳии мақомоти давлатӣ аз куштори зиндониёнро қатъӣ дониста, аммо шавоҳиде аз судури дастури асад дар даст надорад

Ин аккос, ки аз ӯ фақат ба унвони "Қайсар" ном бурда шуда, аз Сурия фирор кардааст ва гузориш шуда, ки ҳамроҳи аккосони дигар ҳудуди 55 ҳазор акси диҷитол аз ҳудуди 11 ҳазор фарди боздоштшударо махфиёна ба хориҷ аз Сурия бурдааст.

Морӣ Ҳарф, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Омрико, гуфтааст, ки ин гузориш "нишон медиҳад, ки чи қадар муҳим аст (дар нишасти Женев-2) пешрафте ҳосил шавад. Вазъият дар Сурия чунон ҳавлнок аст, ки бояд як гузори сиёсӣ ва интиқоли қудрат дар Сурия сурат бигирад ва бояд ҳукумати Башор Асадро аз қудрат канор бигзорем."

Ин сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст, ки ончи дар ин тасовири мунташиршуда дида мешавад, метавонад иқдомоте бошад, ки ҷинояти байналмилалии сангин шинохта шавад ва омилони он бояд дар ин бора муҳокима шаванд.

Пештар Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, дар вокуниши мушобеҳе дар Маҷлиси авоми ин кишвар гуфта буд: "Ман зиёд аз ин мустанадот дидаам. Онҳо ҳавлнок ҳастанд. Муҳим аст касоне ки муртакиби чунин ҷиноёте шудаанд, дар ин бора муҳокима шаванд."

Руперт Колвил, сухангӯйи Кумисиюни ҳуқуқи башари СММ, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст: "Ин гузориш башиддат ҳушдор медиҳад. Агар вусъати иддаъошудаи ин маргҳо дар давраи боздошт таъйид шавад, воқеъан ҳавлнок аст."

Ба гуфтаи сухангӯйи хонуми Пилой, "иттиҳомоте чунин ҷиддиро наметавон нодида гирифт ва рӯшан аст, ки таҳққоти бештаре дар ин бора лозим аст."

'Тасовири такондиҳанда'

Image copyrightAP
Image caption Шибҳинизомиёни исломгарои ифротӣ низ ба нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар ва иртикоби ҷароими ҷангӣ муттаҳам шудаанд

Гузориши мавриди ишора ба суфориши як муассисаи ҳуқуқии бритониёӣ ба намояндагӣ аз сӯйи давлати Қатар, ки аз мухолифони сурӣ ҳимоят мекунад, тадвин шуда ва қарор аст муҳтавои он дар ихтиёри Созмони Милал ва гурӯҳҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар қарор гирад.

Сер Дезмунд ди Силво, додситони аршади Додгоҳи Байналмилалии Расидагӣ ба Ҷиноёти Ҷангӣ дар Сиеро-Леун, сер Ҷефрӣ Нойс, додситони аршади Додгоҳи Расидагӣ ба Ҷиноёти Ҷангии Услубудон Милушевич, раиси ҷумҳурии собиқи Югусловӣ, ва Дейвид Крейн, додситони парвандаи Чорлз Тейлур, раиси ҷумҳурии собиқи Либериё дар додгоҳи вижаи Сиеро-Леун, ин гузоришро таҳиякардаанд, ки бахшҳое аз он рӯзи сешанбе мунташир шуд.

Рӯзномаи бритониёии "Гордиян" ва шабакаи телевизиюнии Си-эн-эни Омрико ба гузориши ин се ҳуқуқдон дастрасӣ доштаанд ва онро мунташир кардаанд.

Гузориши ҳуқуқдонҳои байналмилалӣ огоҳии мақомоти давлатӣ аз куштори зиндониёнро қатъӣ дониста, аммо шавоҳиде аз судури дастури Асад дар даст надорад.

Дар таҳияи ин гузориш се мутахассиси таҳқиқоти ҷиноӣ ва умури пизишкии қонунӣ ба баррасии ҳудуди панҷоҳ ҳазор тасовири марбут ба ҳудуди 11 ҳазор тан аз боздоштшудагоне пардохтаанд, ки ҳангоми ҳабс ҷони худро аз даст додаанд.

Image copyrightReuters
Image caption Ҷанги дохилии Сурия ҳазорон кушта, садҳо ҳазор овора ва вайронии густарда барҷой гузоштааст

Ба гуфтаи нависандагони гузориш, натиҷагирии ин се мутахассис "дар маҷмӯъ нишон медиҳад, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ин афрод ҳангоми марг дучори лоғарии муфрит буданд ва дар мавриди теъдоде аз онон қабл аз марг дасташон баста буд ё башиддат бо ҷисме монанди тарака мазруб (зада) шуда буданд.

Рӯзномаи "Гордиян" ба нақл аз Дезмунд ди Силво, яке аз се нависандаи гузориш, навиштааст, ки "шавоҳиди бадастомада ҳокӣ аз куштор дар миқёси санъатӣ аст."

Ба гуфтаи ӯ, "ин шавоҳид аз навъест, ки пеш аз ин дар ихтиёр набуда ва бар асоси онҳо метавон додхосте муҳкам алайҳи муртакибони ин ҷиноят таҳия кард."

Расидагии байналмилалӣ ба иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият тавассути Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, ва бархе дигар аз мақомоти ҳукумати он кишвар ба далели ин ки Сурия паймони узвият дар Додгоҳи Кайфарии Байналмилалиро имзо накарда, ба таври мустақим қобили пайгирӣ нест.

Танҳо роҳ барои пайгирии чунин парвандае ирҷоъи (фиристодани) он аз сӯйи Шӯрои Амнияти СММ ба Додгоҳи Кайфарии Байналмилалӣ аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳаққи ветуи Русия ба унвони ҳомии ҳукумати Сурия имкони судури чунин мусаввабае аз сӯйи Шӯро дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад.

Матолиби муртабит