Ҳукумати Сурия ба иртикоби ҷароими ҷангӣ муттаҳам шуд

  • 21 Январ, 2014
СурияImage copyrightAP
Image caption Се ҳуқуқдони байналмилалӣ давлати Сурияро ба шиканҷа ва қатли ситемотики зиндониён муттаҳам кардаанд

Се ҳуқуқдони байналмилалӣ дар гузориши муштараке ҳукумати Сурияро ба иртикоби ҷароими ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам кардаанд.

Ин гузориш тавассути сер Дезмунд ди Силво, додситони аршади Додгоҳи Байналмилалии Расидагӣ ба Ҷиноёти Ҷангӣ дар Сиеро-Леун, сер Ҷефрӣ Нойс, додситони аршади Додгоҳи Расидагӣ ба Ҷиноёти Ҷангии Услубудон Милушевич, раиси ҷумҳурии собиқи Югусловӣ, ва Дейвид Крейн, додситони парвандаи Чорлз Тейлур, раиси ҷумҳурии собиқи Либериё дар додгоҳи вижаи Сиеро-Леун, таҳия шуда ва бахшҳое аз он дар рӯзи сешанбеи аввали баҳман (21 январ) интишор ёфтааст.

Гузориши ин се ҳуқуқдон, ки рӯзномаи бритониёии "Гордиян" ва шабакаи телевизиюнии Си-эн-эни Омрико ба он дастрасӣ доштаанд, бар мабнои изҳорот ва шавоҳиде таҳия шудааст, ки аз тариқи як узви дижбонии артиши Сурия дар ихтиёри онон қарор гирифтааст.

Ин фард, ки ахиран ба хориҷ гурехта, ба таври махфиёна бо гурӯҳҳои мухолиф иртибот дошта ва дар тӯли хидмат ба унвони аккоси дижбонӣ ба ҷамъоварии аснод ва мадорик барои онон мубодират кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки фарди мазбур, ки аз ӯ бо номи мустаъори "Қайсар" ном бурда шуда, маъмури таҳияи акс аз касоне буда, ки дар боздошт даргузашта буданд. Аммо ӯ гуфта, ки худаш шахсан шоҳиди куштор ва шиканҷаи боздоштиён набудааст.

Вай тавонистааст мақодире акс ва теъдоде ҳофизаи ҷонибӣ (мемурӣ истик)-и шомили аснод ва мадорики расмиро дар ихтиёри робити (миёнарави) худ дар гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия қарор диҳад ва ин аснод тавассути се ҳуқуқдони байналмилалӣ баррасӣ шудааст.

Гузориши мавриди назар ба суфориши як муассисаи ҳуқуқии бритониёӣ ба намояндагӣ аз сӯйи давлати Қатар, ки аз мухолифони сурӣ ҳимоят мекунад, дар 31 сафҳа тадвин шуда ва қарор аст муҳтавои он дар ихтиёри Созмони Милал ва гурӯҳҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар қарор гирад.

Ин гузориш як рӯз пеш аз кунферонси Женев-2 дар Суис, ки барои баррасӣ ва ҷустуҷӯйи роҳҳои раҳоӣ аз буҳрони Сурия ва поён додан ба ҷанги дохилии ин кишвар доир мешавад, мунташир шудааст.

Бар асоси ин гузориш, аҷсоди боздоштиёне, ки ба ҳар наҳв кушта мешуданд, ҳамроҳ бо як пизишк ва як маъмури қазоӣ ба бемористонҳои низомӣ интиқол меёфтаанд ва вазифаи Қайсар дар ин миён гирифтани акс аз аҷсод будааст. Вай гуфтааст, ки дар баъзе рӯзҳо то панҷоҳ ҷанозаро аксбардорӣ мекардааст ва барои ҳар ҷаноза ҳам маҷбур будааст 15 то 30 дақиқа вақт сарф кунад.

Image copyrightAFP
Image caption Гузориши ҳуқуқдонҳои байналмилалӣ огоҳии мақомоти давлатӣ аз куштори зиндониёнро қатъӣ дониста, аммо шавоҳиде аз судури дастури Асад дар даст надорад

Далели гирифтани акс аз аҷсод ин будааст, ки бар асоси он ҷавози дафн содир мешуда, бидуни ин ки ҷасад тавассути аъзои хонаводаи фард мушоҳида шавад ва илова бар он, мадорики иҷрои дастури қатли ин афрод дар ихтиёри мақомоти болотар қарор мегирифтааст.

Мақомоти сурӣ гӯё ба хонаводаҳои қурбониён мегуфтаанд, ки ин афрод ҳангоми боздошт дар асари "исти қалбӣ" ё "мушкилоти танаффусӣ" ҷони худро аз даст додаанд. Ба ҳамин далел, аҷсод аз боздоштгоҳ ба бемористон мунтақил мешуд, то нишон диҳад, ки марг дар бемористон рӯй додааст. Аҷсод маъмулан дар манотиқи рустоӣ дафн мешудааст.

Дар таҳияи ин гузориш се мутахассиси таҳқиқоти ҷиноӣ ва умури пизишкии қонунӣ ба баррасии ҳудуди панҷоҳ ҳазор тасовири марбут ба ҳудуди 11 ҳазор тан аз боздоштшудагоне пардохтаанд, ки ҳангоми ҳабс ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи нависандагони гузориш, натиҷагирии ин се мутахассис "дар маҷмӯъ нишон медиҳад, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ин афрод ҳангоми марг дучори лоғарии муфрит буданд ва дар мавриди теъдоде аз онон қабл аз марг дасташон баста буд ё башиддат бо ҷисме монанди тарака мазруб (зада) шуда буданд.

Ба гуфтаи ин се додситони собиқи маҳокими байналмилалӣ, шеваҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки метавон афродро ба қатл расонд, бе он ки осори берунии чандоне бар баданашон дида шавад, аммо шавоҳиде, ки дар мавриди ин гурӯҳ аз қурбониён ба даст омада, "шаффоф ва қонеъкунанда аст ва метавонад ба унвони далоили маҳкамаписанди марбут ба вуқӯъи шиканҷа ва қатли системотики боздоштшудагон тавассути маъмурон дар ҳар додгоҳе мавриди истинод қарор гирад."

Пайгирии қазоӣ

Рӯзномаи "Гордиян" ба нақл аз Дезмунд ди Силво, яке аз се нависандаи гузориш, навиштааст, ки "шавоҳиди бадастомада ҳокӣ аз куштор дар миқёси санъатӣ аст."

Вай афзудааст, ки "ин шавоҳид аз навъест, ки пеш аз ин дар ихтиёр набуда ва бар асоси онҳо метавон додхосте муҳкам алайҳи муртакибони ин ҷиноят таҳия кард."

Расидагии байналмилалӣ ба иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият тавассути Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, ва бархе дигар аз мақомоти ҳукумати он кишвар ба далели ин ки Сурия паймони узвият дар Додгоҳи Кайфарии Байналмилалиро имзо накарда, ба таври мустақим қобили пайгирӣ нест.

Танҳо роҳ барои пайгирии чунин парвандае ирҷоъи (фиристодани) он аз сӯйи Шӯрои Амнияти СММ ба Додгоҳи Кайфарии Байналмилалӣ аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳаққи ветуи Русия ба унвони ҳомии ҳукумати Сурия имкони судури чунин мусаввабае аз сӯйи Шӯро дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад.

Image copyrightAP
Image caption Шибҳинизомиёни исломгарои ифротӣ низ ба нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар ва иртикоби ҷароими ҷангӣ муттаҳам шудаанд

Ҳамчунин таҳиякунандагони ин гузориш таъкид доштаанд, ки агарчи шавоҳиди мавҷуд ҳокӣ аз вуқӯъи ҷиноят алайҳи башарият дар Сурия аст, аммо наметавон натиҷаи қатъӣ гирифт, ки ин ҷиноёт ба дастур ва иттилоъи раиси ҷумҳур сурат гирифта бошад, ҳарчанд қатли созмонёфтаи боздоштиён нишон медиҳад, ки ниҳодҳое дар давлат аз ин вазъият огоҳӣ ва бар он назорат доштаанд.

Ба гуфтаи Дейвид Крейн, яке аз таҳиякунандагони ин гузориш, шавоҳиди мавҷуд нишон медиҳад, ки сарнавишти дастикам 11 ҳазор тан аз "мафқудшудагони" эътирозоти Сурия чи будааст. Вай афзудааст, ки шавоҳиди бадастомада аз навъест, ки ҳар додситоне дар пайи он аст, зеро илова бар тасовири мавҷуд, мадорики расмии давлатиро низ дар бар мегирад.

Ба навиштаи рӯзномаи "Гордиян", як мақоми омрикоӣ дар мавриди ин гузориш гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ бо соири кишварҳои ҷаҳон аз дидани ин тасовир такон хӯрда ва "ба шадидтарин ваҷҳ иқдомоти режими Сурияро маҳкум мекунад ва хостори он аст, ки бо зиндониён бар асоси мавозини шинохташудаи байналмилалӣ рафтор шавад."

Вай гуфтааст, ки режими Сурия метавонад бо амал ба ин хоста ба беҳбуди ҷавви музокироти Женев ва дастёбӣ ба натоиҷи ин иҷлос кумак кунад.

Ҳамчунин, Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, гуфтааст, ки гузориши ахир ба манзилаи санади дигаре аз "хушунат ва бераҳмии режими Асад алайҳи мардуми Сурия аст ва Бритониё ҳамчунон пайгири иқдоми байналмилалӣ барои ҳиросат (нигаҳбонӣ) аз ҳуқуқи башар дар Сурия ва пайгарди касоне аст, ки ба чунин фаҷоеъе мубодират кардаанд (даст задаанд)."

Оқои Ҳейг гуфтааст, ки ин тасовир дар сурате ки асолати онҳо таъйид шуда бошад, ба манзилаи кашфи бахше кӯчак аз "фаҷоеъе аст, ки дар сиёҳчолҳои ҳукумати Сурия рӯй медиҳад."

Image copyrightReuters
Image caption Ҷанги дохилии Сурия ҳазорон кушта, садҳо ҳазор овора ва вайронии густарда барҷой гузоштааст

Мақомоти давлати Сурия ҳанӯз нисбат ба ин гузориш вокунише нишон надодаанд. Аммо онҳо дар гузашта иддаъоҳои марбут ба мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Сурияро ҳамвора рад кардаанд.

Эътирозоти сиёсӣ дар Сурия ҳудуди ду сол пеш бо дархости ислоҳоти сиёсӣ ва мубориза бо фасод оғоз шуд, дар ҳоле ки шуморе аз мухолифони ҳукумат ва ҳамчунин бархе кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Омрико, интизор доштанд Башор Асад ба ин мутолибот вокуниши мус бат нишон диҳад.

Дар муқобил, давлат ба манзури ҷилавгирӣ аз идомаи тазоҳуроти эътирозӣ ба эъзоми воҳидҳои артишӣ мубодират (иқдом) кард, ки талафотеро барҷой гузошт.

Дар моҳҳои баъд гурӯҳе аз низомиён бо тарки хидмат нерӯе ба номи Артиши миллии Сурияро ташкил доданд ва гуфтанд ҳадафи онон ҳифозат аз тазоҳуркунандагон дар баробари ҳамалоти нерӯҳои давлатӣ аст.

Баъдҳо даргирӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ ба бурузи ҷанги дохилӣ дар Сурия анҷомид, ки батадриҷ заминаи ҳузури ифротгароёни исломиро низ дар ин ҷанг фароҳам овард.

Бархе гузоришҳо аз рафтори хушунатомези шибҳинизомиёни исломгаро бо асирони ҷангӣ ва ҳатто ғайринизомиён ва нақзи фоҳиши ҳуққи башар тавассути ин гурӯҳҳо низ ҳикоят дорад.

Ҷанги дохилии Сурия то кунун дастикам яксад ҳазор кушта ва вайронии густарда барҷой гузошта ва чандсад ҳазор тан аз мардуми Сурияро дар дохил ва хориҷ аз кишварашон овора кардааст.

Матолиби муртабит