Новӣ Пилой Башор Асадро ба ҳамкорӣ дар ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам кард

Новӣ Пилой, кумисари ҳуқуқи башари Созмони Милал барои аввалин бор мустақиман Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро ба ҳамкорӣ дар ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият муттаҳам кардааст.
Ба гуфтаи хонуми Пилой кумиссиюни таҳқиқи Созмони Милал пас аз баррасӣ ва таҳқиқ дар бораи авзоъи 18 моҳи гузаштаи Сурия ба шавоҳиде даст ёфта, ки нишон медиҳад масъулияти ҷиноёти ҷангии эъмолшуда дар он кишвар бар уҳдаи мақомоти олирутбаи давлат аз ҷумла раиси ҷумҳур аст.
Ба гуфтаи хонуми Пилой нақзи ҳуқуқи башар дар Сурия тавассути ҳамаи ҷиноҳҳо сурат гирифта, аммо давлат дар миқёсе васеътар мубодират ба ин амр кардааст.
Кумисари ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳамчунин гуфтааст, ки кумиссиюни таҳқиқи Созмони Милал феҳристе аз касоне, ки муътақид аст мустақиман муртакиби ҷиноят алайҳи башарият шудаанд, ироа кардааст.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ тасаввур мешавад, ки асомии шахсиятҳои аршади низомӣ ва давлатии Сурия дар ин феҳрист бошанд.
Ба ҳар ҳол бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли муҳокимаи онҳо тавассути Девони байналмилалии кайфарӣ асомӣ ва шавоҳиди марбут ба ин афрод ба сурати сиррӣ боқӣ хоҳад монд.
Хонуми Пилой пештар аз Шурои Амнияти Созмони Милал хоста буд, ки масаълаи Сурияро ба Девони байналмилалии кайфарӣ ирҷоъ диҳад.
Бар асоси бароварди Созмони Милал беш аз як сад ҳазор нафар дар ҷараёни даргириҳо дар Сурия кушта шудаанд.
