'Иръоби давлатӣ' бо одамрубоӣ дар Сурия
Муҳаққиқони Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки давлати Сурия аз одамрубоии низомёфтаи шаҳрвандон барои иръоб (тарс додани) онҳо истифода мекунад.
Ба гуфтаи гурӯҳи ҳақиқатёби ҳуқуқи башари СММ, давлати Сурия аз одамрубоӣ ба унвони бахше аз пайкори густардаи худ барои иръоби ғайринизомиён баҳра меҷӯяд.
Бар асоси ин гузориш, ҳазорон нафар дар Сурия рабуда шудаанд, ки асаре аз бисёре аз онон ҳаргиз ба даст наёмадааст. Аснод ва шавоҳиди ин гузориш аз тариқи афсарони собиқи артиши Сурия, ки баъдҳо ба давлат пушт карданд, ва низ аз сӯйи хонаводаҳои қурбониёни мафқуд, ба даст омадааст.
Гузориш мегӯяд мардони ҷавоне, ки дар оғози даргириҳои Сурия дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ ширкат мекарданд, ба сурати созмонёфта боздошт мешуданд ва дигар ҳаргиз пайдо намешуданд.
Нависандагони гузориш густардагии ин масъаларо дар ҳадде медонанд, ки метавонад дар ҳукми ҷиноят алайҳи башарият ба шумор меояд.
Дар гузориши ин гурӯҳи ҳақиқатёб омада, ки бархе аз гурӯҳҳои мухолифи давлат низ шурӯъ ба гаравгонгирӣ кардаанд, ки аз назари нависандагон нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.
Гурӯҳҳои шӯришӣ ҳамчун "Ҳукумати исломии Ироқ ва Шом", ки бо Алқоъида иртибот дорад, одамрубоӣ ва идораи зиндонҳои махфиро оғоз кардаанд.
