Русия: Бо Эрон ва Сурия тарҳи пинҳон надорем

  • 16 Январ, 2014
Ҷавод Зариф ва Сергей ЛавровImage copyrightGetty
Image caption Оқои Лавров гуфта Маскав, Димишқ ва Теҳрон барои Сурия тарҳи пинҳон надоранд

Вазири хориҷаи Русия, ки мизбони вузарои хориҷаи Эрон ва Сурия аст, мегӯяд Теҳрон "ба ночор" бояд дар таъини роҳи ҳалли буҳрони Сурия нақш дошта бошад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия баъд аз дидор бо Ҷавод Зариф, ҳамтои эронии худ гуфта Эрон бояд дар талошҳо барои поён додан ба ҷанги Сурия саҳм дошта бошад, ҷанге ки беш аз 100 ҳазор кушта бар ҷой гузоштааст.

Оқои Лавров гуфта барои ҳалли буҳрони Сурия бо Теҳрон ва Димишқ тарҳи сеҷонибаи "пинҳонӣ" вуҷуд надорад.

Ҷавд Зариф, вазири хориҷаи Эрон ва Валид Муаъллим, вазири хориҷаи Сурия чаҳоршанбе ҳамзамон аз Димишқ роҳии Маскав шуданд.

Вазири хориҷаи Русия баъд аз дидор бо вазири хориҷаи Эрон бо вазири хориҷаи Сурия дидор хоҳад дошт.

Ин музокирот дар остонаи конфаронси байналмилалии Сурия ба номи 'Женев 2" анҷом мешавад. Русия таъкид дорад, ки Эрон ҳам дар ин музокирот нақши асосӣ ифо кунад.

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ширкати Эрон дар нишасти 'Женев 2'-ро манут ба тавофуқи Омрико ва Русия карда буд.

Мушорикати машрути Эрон

Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон мегӯяд дар сурате, ки барои ҳузури Эрон пешшарт таъин нашавад, Эрон дар музокироти сулҳи Сурия ширкат мекунад.

Оқои Зариф баъд аз дидор бо оқои Лавров дар мусоҳибаи матбуъотӣ дар Маскав гуфтааст Эрон ҳам бояд монанди ширкаткунандагони дигар бидуни пешшарт ба музокирот даъват шавад.

Омрико гуфта Эрон ба шарте метавонад дар конфаронси 'Женев 2' ширкат кунад, ки меҳварҳои тавофуқшуда дар эъломияи Женевро бипазирад.

Ин эъломия, ки июли 2012 ба тавофуқи ширкаткунандагон расида, хостори гузори сиёсӣ дар Сурия ва таъини давлате мунтахаб аст, ки ҷойгузини давлати феълии ин кишвар шавад.

Эрон ва Русия мухолифи канор рафтани ҳукумати Башор Асад дар Сурия ҳастанд.

Иҷлоси Женев 2 қарор аст 22 январ дар Суис баргузор шавад.

Вазири хориҷаи Эрон пеш аз сафар ба Русия дар Сурия бо Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дидор кардааст.

Матолиби муртабит