Мувофиқати Омрико бо ширкати ғайрирасмии Эрон дар кунферонси сулҳи Сурия

Омрико барои аввалин бор бо нақшофаринии маҳдуди Эрон дар музокироти сулҳи Сурия мувофиқат кард.
Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ба хабарнигорон гуфтааст, ки Эрон метавонад дар ҳошияи кунферонси Женев-2, ки барои кумак ба гузори сиёсӣ дар Сурия баргузор мешавад, нақши созанда дошта бошад.
Эрон барои ҳузур дар музокирот эъломи омодагӣ кардааст ва Русия низ расман хостори ҳузури Эрон дар музкироти сулҳи Сурия шудааст.
Бо ин ҳама, Омрико пеш аз ин мухолифи ҳузури Эрон дар гуфтугӯҳои сулҳи Сурия будааст.
Ин аввалин бор аст, ки як мақоми аршади давлати Омрико аз муҳтамал будани ифои нақши созандаи Эрон барои сулҳ дар Сурия суҳбат мекунад.
Қарор аст кунферонси Женев-2 рӯзи 22 январ дар Суис баргузор шавад.
Омрико муддатҳост, ки Эронро ба ҳимояти низомии сиёсӣ аз Сурия муттаҳам кардааст.
Ҷон Керӣ, ки рӯзи гузашта дар як кунферонси хабарӣ дар Байтулмуқаддас суҳбат мекард, таъкид карда, ки ҳамчунон бо ширкати Эрон ба унвони узви расмии кунферонси Женев-2 мухолиф аст, магар ин ки Эрон ҳозир шавад эъломияи Женеви Созмони Милали Муттаҳидро бипазирад.
Вазири умури хориҷаи Омрико гуфтааст: "Мо аз судманд будани Эрон хушҳол хоҳем шуд. Ҳама аз судманд будани Эрон хушҳол мешаванд."
Ин эъломия хостори гузори сиёсӣ дар Сурия ва таъйини давлате мунтахаб барои ҷойгузинии давлати феълии ин кишвар шудааст.
Мавзӯъи ширкаткунандагон дар ин кунферонс он қадр ҳассос буда, ки борҳо таъйини таърихи баргузории кунферонсро ба таъвиқ андохта, то ҷое ки ниҳоятан кунферонси Женев алорағми ваъдаи мақомҳои Созмони Милал дар соли 2013 баргузор нашуд ва ба соли 2014 мавкул шуд.
Ҷон Керӣ гуфтааст мавзӯъи ширкати Эрон бояд бо баррасии аҳдофи Эрон тавассути дабири кулли Созмони Милал мушаххас шавад.
Ба гуфтаи Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, "Эрон бахубӣ медонад дар хусуси барномаи ҳастаияш ва низ дар бораи кунферонси Женев-2 чи бояд кунад. Бояд ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ бипайвандад ва ҳамон кореро анҷом диҳад, ки ҳамаи мо ба он мутаъаҳҳидем: талош барои истиқрори сулҳ дар Сурия."
Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 23 декабри 2013 гуфта буд, ки умедвор аст мушкилоти мавҷуд бар сари роҳи ҳузури Эрон дар кунферонси Женев-2 базудӣ муртафеъ шавад.
Оқои Бон таъкид карда буд, ки барои барқарории сулҳ дар Сурия, ба ҳамкории Эрон, илова бар соири кишварҳои минтақа, ниёз хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки пештар эътилофи миллии гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия гуфт агар ҳамалоти ҳавоии давлати Сурия ба шаҳри Ҳалаб идома пайдо кунад, ҳозир ба ширкат дар кунферонси сулҳи Женев-2 нахоҳад буд.
Бино ба омори Созмони Милали Муттаҳид, беш аз сад ҳазор нафар то кунун ҷони худро дар даргириҳои Сурия аз даст додаанд.
Шаҳри Ҳалаб аз нимаи соли 2012 ба ҷабҳаи аслии ҷанг табдил шудааст. Ҳалаб, ки бузургтарин шаҳр ва пойтахти тиҷории Сурия аст, ҳоло ба манотиқе таҳти кунтрули нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён тақсим шудааст.
Вазири умури хориҷаи Омрико, ки дар талош барои пешбурди музокироти сулҳ миёни Исроил ва фаластиниён ба ин минтақа сафар карда, рӯзи якшанбе таваққуфи кӯтоҳе дар Риёз, пойтахти Арабистони Саъудӣ, низ дошт, то дарбораи Ироқ ва Сурия бо мақомҳои ин кишвар гуфтугӯ кунад.
