Омрико ва Бритониё кумак ба шӯришиёни мустақар дар шимоли Сурияро мутаваққиф карданд

Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Бритониё эълом карданд, ки куллия "кумакҳои ғайримаргбори" худ ба шӯришиёни мустақар дар шимоли Сурияро ба ҳолати таълиқ даровардаанд.
Ин иқдоми Омрико ва Бритониё пас аз он сурат мегирад, ки шӯришиёни исломгаро анбори таслиҳотии Артиши Озоди Сурияро, ки мавриди ҳимояти Ғарб аст, дар марз бо Туркия ба тасарруфи худ дароварданд.
Омрико пеш аз ин ваъдаи кумакҳои ғазоӣ ва таҷҳизот ба мизони 250 миллиюн дулорро ба Артиши Озоди Сурия дода буд.
Рӯзи ҷумъа анбори Артиши Озоди Сурия аз суи нерӯҳои гурӯҳи ифротии Ҷабҳаи исломӣ ба ишғол даромад. Ҷабҳаи исломӣ моҳи пеш бо идғоми шаш гурӯҳ ташкил шуд ва ин гурӯҳ мутаъаҳҳид шуда, ки Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурияро сарнагун карда ва ҳукумати исломӣ дар Сурия барқарор хоҳад кард.
Ин гурӯҳ шомили сойири гурӯҳҳои ифротии исломгарои муртабит бо Алқоъида нест, ки дар Сурия фаъол ҳастанд.
Омрико гуфта, ки таълиқи кумакҳо шомили кумакҳои инсондӯстона намешавад ва ин кумакҳо камокон дар ихтиёри созмонҳои имдодӣ қарор хоҳад гирифт.
Бритониё низ эълом карда ин таълиқ муваққатӣ буда ва мавзуъ таҳти баррасӣ аст.
Моҳи пеш гурӯҳҳои Аҳрорушшом, Ҷайшулислом, Суқурушшом, Ливоуттавҳид, Ливоулҳақ, Ансорушшом ва ва гурӯҳи курдии Ҷабҳаи исломӣ эълом карданд, ки бузургтарин эътилофро бо 45 ҳазор ҷангҷӯ ташкил медиҳанд.
Ҳафтаи пеш ин эътилоф эълом кард, ки аз Шӯрои олии низомии Артиши Озод, ки зери назари Эътилофи миллии Сурия аст, хориҷ мешавад.
Чаҳор рӯз пас аз ин тасмим нерӯҳои Эътилофи ҷабҳаи исломӣ нерӯҳои Артиши Озоди Сурияро аз пойгоҳҳо ва анбор дар наздикии марз бо Сурия берун ронданд. Ин анбор ҳовии силоҳҳо ва таҷҳизоте буд, ки аз тариқи Туркия вориди Сурия шуда буд.
