Ду рӯзноманигори испониёӣ дар гаравгони шӯришиҳо дар Сурия

Гурӯҳе аз шӯришиёни Сурия муртабит бо Алқоъида, ду хабарнигори испониёиро гаравгон гирифтаанд.
Рӯзномаи испониёии Элмунду гузориш додааст, ки Ховиер Испинузо, хабарнигори ин рӯзнома ва Рикорду Горсио Вилонуо, аккоси озодкори испониёӣ, тавассути гурӯҳи "Ҳукумати исломии Ироқ ва Шом" рабуда шудаанд.
Ин рӯзнома мегӯяд ин ду рӯзноманигор дар як истгоҳи бозрасӣ воқеъ дар устони шимолии Рафаҳ дар наздикии марзи Туркия гаравгон гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, фаъъолони сурӣ эълом кардаанд яке аз вукалои матраҳи ҳуқуқи башар низ рӯзи сешанбеи 10 декабр дар наздикии Димишқ рабуда шудааст.
Разон Зайтуна ба ҳамроҳи се кунишгари дигар аз ҳумаи шарқии Думо ва пас аз юриши як гурӯҳи мусаллаҳ ба дафтари "Маркази гирдоварии асноди хушунат" рабуда шуданд.
Ин марказ ба таҳқиқ дар бораи шумори кушташудагон дар буҳрони Сурия мепардозад.
Шабакаи "Ҳамоҳангии маҳаллии кумитаҳо", ки шабакае аз фаъъолони мухолифи давлати ҳукумати Асад ва Разон Зайтуна, аз поягузорони он буда хостори озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ӯ шудааст
Иттилоърасонӣ пас аз се моҳ музокираи ноком
Рӯзномаи Элмунду гуфт, ки ду хабарнигори испониёӣ ҳудуди се моҳ пеш дар рӯзи 16 сентябр ва дар ҳоле ки дар садад будаанд Сурияро баъд аз поёни ду ҳафта маъмурияти хабарии худ тарк кунанд, рабуда шуданд.
Тибқи ин гузориш, гаравгонгирҳо ҳамчунин чаҳор узви артиши озоди Сурияро ҳам, ки аз ин ду рӯзноманигор муҳофизат мекарданд, бо худ бурдаанд, вале баъдан озодашон кардаанд.
Ин рӯзномаи испониёӣ мегӯяд хабари ин гаравгонгириро дар замоне ки дар музокираи ғайримустақим бо гаравгонгирҳо буд, махфӣ нигаҳ дошт. Рабояндагон ҳанӯз дархосте дар изои озодии ин хабарнигорон матраҳ накардаанд.
Педру Ромирз, мудири рӯзномаи Элмунду дар як нишасти хабарӣ дар Модрид гуфт: "Мутаассифона иқдомоти мо ба натиҷае нарасидааст ва тасмим гирифтем пас аз тавофуқ бо хонаводаҳои ин ду, нигаронӣ ва хашми худро ба огоҳии умум бирасонем."
Ӯ таъкид кардааст: "Мо бар ин боварем, ки онҳо зиндаву солим ҳастанд."
Соъоте пас аз эъломи ин гаравгонгирӣ ҳамсари оқои Испинузо, хабарнигори Алмунду, дар як ҷаласаи матбуъотии пурэҳсос дар Бейрут аз рабояндагон хост ононро озод кунанд.
Ӯ гуфт ин ду борҳо барои мустанад кардани ҷиноёти ҷангӣ ба Сурия сафар карда буданд ва дар ин роҳ ҷонашонро ба хатар андохтанд ва ҳамчун бародар канори мардуми Сурия дар ин буҳрони инсонӣ қарор доштанд.
Ҳамсари оқои Испинузо хитоб ба гурӯҳи гаравгонгир гуфт: "Ховиер ва Рикорду душмани шумо нестанд. Хоҳиш мекунам ба ифтихори инқилобе, ки он ду аз он муҳофизат карданд, ононро раҳо кунед."
Оқои Испинузо аз соли 2002 гузоришгари бахши Ховари Миёнаи рӯзномаи Элмунду, мустақар дар Бейрут будааст.
Оқои Вилону низ бо расонаҳои бисёре, аз ҷумла Вошнгтун пуст ва хабаргузории Фаронса ҳамкорӣ доштааст.
