Ҳукумати Сурия таъйид кард дар нишасти Женев ширкат мекунад

  • 28 Ноябр, 2013

Ҳукумати Сурия таъйид кардааст, ки дар кунфронси сулҳи Женев ширкат мекунад. Ин музокирот қарор аст 22 январи соли ояндаи мелодӣ, яъне дар камтар аз ду моҳи оянда, баргузор шавад.

Димишқ дар айни ҳол таъкид кардааст, ки дар бораи интиқоли қудрат музокира нахоҳад кард.

Гузориши расонаҳои расмии Сурия мегӯяд ҳайъати намояндагии ин кишвар дар нишасти Женев, аз Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, дастур мегирад.

Хостаи аслии мухолифони Сурия он аст, ки оқои Асад ҳеҷ ҷое дар давраи интиқоли қудрат дар ин кишвар надошта бошад.

Аз замони оғози эътирозҳо алайҳи Башор Асад дар марти соли 2011, бисту ду моҳ пеш, беш аз сад ҳазор нафар дар Сурия кушта шудаанд, ки ағлаби онон аз мухолифон будаанд.

Ҳудуди 9 милюн нафар аз хонаҳои худ овора шудаанд. Ин муъодили ду панҷуми кулли ҷамъияти Сурия пеш аз ин ҷанги дохилӣ аст.

Эрон ва Туркия, ки аз тарафайни даргир ҳимоят мекунанд, дар як баёнияи муштарак хостори оташбас дар Сурия шудаанд.

Дархости оташбас дар Сурия аз сӯйи Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Туркия, Аҳмад Довудуғлу, ҳамтои турки ӯ, дар як кунфронси хабарии муштарак дар Теҳрон, пойтахти Эрон, баён шудааст.

Вузарои хориҷаи Эрон ва Туркия дар ин кунфронси матбуъотӣ ҳамчунин таъкид кардаанд, ки ҳадафи муштараки ду кишвар поёни даргириҳо дар Сурия аст.

Эрон аз пеш эълом кардааст, ки агар ба ин кунфронси Женев-2 даъват шавад, дар он ширкат хоҳад кард.

Вазорати умури хориҷаи Сурия мегӯяд ҳайъати ин кишвар дар нишасти сулҳи Женев, "хостаҳои мардуми Сурияро дунбол мекунад, ки аввал аз ҳама, аз байн бурдани терурисм аст."

Ҳукумати Сурия мухолифон ва шӯришиёнро терурист мехонад.

Сардабири ховаримиёнаии Би-би-сӣ мегӯяд ин рӯйкарди давлати Сурия бавузӯҳ барои пас задани мухолифони сурӣ тарроҳӣ шудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи ширкат дар ин кунфронс ихтилофи назар доранд.

Ин хабарнигори Би-би-сӣ изофа мекунад, ки баёнияи оштинопазири Сурия мухолифонро ба чунин тасмими душворе тарғиб намекунад. Бавижа он ки ҳукумати Сурия пас аз муддатҳо дорад дар заминаи сиёсӣ, диплумотик ва низомӣ бартарӣ пайдо мекунад.

Умедҳояш аз тавофуқи Эрон

Моҳҳост, ки Созмони Милали Муттаҳид, Омрико ва Русия дар талош ҳастанд ду тарафи буҳронро ба як роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҷанги дохилии Сурия тарғиб кунанд.

Дар рӯзҳои гузашта, Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, хабар дода буд, ки ҳам ҳукумати Сурия ва ҳам мухолифон дар нишасти Женев-2 ширкат хоҳанд кард.

Ахзари Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Сурия низ гуфта, ки қарор аст феҳристи комиле аз ширкаткунандагон дар нишасти Женев мунташир шавад ва Эрону Арабистон ҳам "эҳтимолан дар ин феҳрист ҳастанд."

Умедҳо ба пешрафт дар бораи музокироти Сурия пас аз он боло гирифта, ки қудратҳои ҷаҳонӣ рӯзи якшанбеи 24 ноябр, бо Эрон дар бораи барномаи ҳастаиаш ба тавофуқ расиданд.

Дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, ки интизор дорад ҳар ду тараф "бо дарки рӯшане" дар ин нишаст ширкат кунанд, ки ҳадаф аз ин музокирот иҷрои комили эъломияи Женев аст.

Ин эъломия дар моҳи июни соли гузаштаи мелодӣ пас аз нишасте бо мизбонии Созмони Милал содир шуд.

Ӯ таъкид кардааст, музокироти сулҳ дар пайи ташкили ҳукумате дар Сурия бо ҳамаи қудрати иҷроӣ аст; ҳамон тавр ки эъломияи Женев хостори он шуда буд.

Пештар женерол Салим Идрис, фармондеҳи артиши озоди Сурия, дар суханоне гуфт, ки гурӯҳи таҳти раҳбарии ӯ дар музокироти сулҳи Женев ширкат нахоҳад кард ва ба мубориза бо ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар, идома хоҳад дод.

Женерол Идрис ба шабакаи хабарии Алҷазира гуфт, ки шароит баррои баргузории музокироти сулҳи Женев дар авосити моҳи январ муносиб нест.

Фармондеҳи артиши озоди Сурия гуфт, ки Башор Асад аз фурсати музокира истифода карда ва ба ҷанг идома медиҳад.

Эътилофи миллии Сурия муҳимтарин эътилофи мухолифони Башор Асад низ гуфтааст, ки агар шуморе аз шартҳои онҳо бароварда шавад, дар ин кунфронс ширкат мекунад.

Ин эътилоф гуфта буд дар сурате, ки тазмин дода шавад, ки созмонҳои имдодрасон иҷозаи дастрасӣ ба манотиқи таҳти муҳосираро доранд, ва зиндониёни сиёсӣ бахусус занону кӯдакон озод мешаванд, ҳоҳзир аст дар ин музокирот ширкат кунадю

Ин эътилоф ҳамчунин бори дигар таъкид кард, ки Башор Асад, раиси ҷумҳур, "набояд ҳеч нақше дар давраи интиқол" дошта бошад.

Матолиби муртабит