Силоҳҳои шимиёии Сурия дар дарё ва рӯйи як киштӣ нобуд хоҳад шуд

Би-би-сӣ муталеъ шуда силоҳҳои шимиёии Сурия дар дарё ва рӯйи як кишти пуштибонии нерӯи дарёии Омрико нобуд хоҳад шуд.
Манобеъи муталеъ ба бахши хабарии Нюзнойти Би-би-сӣ гуфтаанд як корхонаи сайёр ба аршаи киштии бории MV Cape Ray, бо равишҳои шимиёӣ (ҳидрулиз) ин маводди шимиёиро он қадар рақиқ хоҳад кард, ки дигар хатарсоз набошанд.
Тахмин зада мешавад пасоби ҳосил аз хунсо кардани ин самуми шимиёӣ болиғи 7.7 милюн литр шавад, ки барои ҳалли он ба 4000 махзан ниёз аст.
Фардо охирин муҳлат барои таъйини маҳалле барои интиқоли ин пасмондаҳо аст; албатта баъд аз хунсосозӣ пасмондаи ҳосил шабеҳи фозилоби маъмулии санъатӣ хоҳад буд.
Созмони Манъи Силоҳҳои Шимиёӣ (OPCW), ки масъули маҳви силоҳҳои шимиёии Сурия аст, охирин рӯзи соли мелодии ҷориро ба унвони охирин муҳлат барои нобудии захоири шимиёии Сурия дар назар гирифтааст.
Ҷомеъаи байналмилалӣ захоири шимиёии Сурияро изтироритарин хатаре талаққӣ мекунад, ки амнияти ҷаҳониро таҳдид мекунад.
Миқдоре аз ин захоир ба Олбонӣ ҳамл шуда, аммо баъд аз тазоҳуроти тарафдоронии муҳити зист дар Олбонӣ ин кишвар аз қавли онҳо сар боззада ва хостори интиқоли маводи мунтақила ба маҳалле дигар шудааст.
Тахмин зада мешавад маҷмуъаи силоҳҳои шимиёии Сурия (силоҳи омода ё моддаи аввалия) ҳудуди 1300 тун аст ва артиши ин кишвар ин захоирро дар нуқоти мухталифе гирд овардааст.
Артиши Сурия бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин силоҳҳоро ба шакли моддаи аввалия нигаҳдорӣ карда; чаро ки онро аз дастрасии афрод ё гурӯҳҳо дур нигаҳ медорад, вале метавон онҳоро ба осонӣ барои истифода омода кард.
Ин ки гозҳои аъсоб мисли сорин ва VX ва ба шакли силоҳ омода нест, то ҳадде кори Созмони Манъи Силоҳҳои Шимиёиро осонтар мекунад.
Аммо мушкил фақат хунсосозӣ ва маҳви ин мавод нест. Ҳеҷ кишваре ҳозир нест интиқоли ин мавод ба беруни Сурияро бар уҳда бигирад ё амнияти онро тазмин кунад; Бинобар ин артиши Сурия маҷбур шуда худи ин корро ба уҳда бигирад.
Дар ҳоли ҳозир, Созмони Манъи Силоҳҳои Шимиёӣ ин маводро аз Сурия ба Лубнон ҳамл мекунад, то артиши Сурия онро аз Лубнон ба бандаре дар дарёи Медитарона (баҳри Миёназамин) мунтақил кунад.
Ҳанӯз рӯшан нест оё киштии бории MV Cape Ray худ ба ин бандар азимат мекунад, то маҳмуларо таҳвил бигирад ё теъдоде киштии бории кучактар бидуни парчами Омрико махозинро таҳвил мегиранд ва ба MV Cape Ray мунтақил мекунанд.
Бо ин ҳол, муҳимтарин савол ин аст, ки чи гуна метавон амнияти ин маводди шимиёиро таъмин кард ва агар киштиҳои ҳомили онҳо ҳадафи ҳамла қарор бигиранд, чи иттифоқе хоҳад афтод.
Чанд рӯз пеш Аҳмад Узумҷу, раиси Созмони Манъи Силоҳҳои Шимиёӣ ба шабакаи Алҷазира гуфта буд нобуд кардани ин мавод дар дарё роҳе амн аст, ки метавонад комилан бар асоси муқаррарот ва завобити байналмилалӣ сурат бигирад.
Оқои Узумҷу гуфта буд дар ин сурат бояд Омрико нақши аслиро дар иҷрои он ба уҳда бигирад.
Нобудии ин захираи силоҳи шимиёӣ дар Сурия зери назари гурӯҳе аз коршиносони Созмони Манъи Силоҳҳои Шимиёӣ (OPCW) анҷом мегирад, ки ба ҳамин далел ин созмон барандаи ҷоизаи Нубел ҳам шудааст.
Ин нахустин борест, ки аз ин созмон хоста шуда, то дар нобудии силоҳҳои шимиёӣ назорат дошта бошад.
Бар асоси қатъномаи Созмони Милал бояд таҷҳизоти тавлид ва захоири силоҳи шимиёӣ дар Сурия то нимаи соли 2014 комилан мунҳадим шаванд.
