Бон Ки-мун: ҳузури Эрон дар кунферонси Женев-2 ба Омрико ва Русия вобаста аст

  • 7 Январ, 2014
Бон Ки-мун
Image caption Оқои Бон мувофиқи ҳузури Эрон дар кунферонси Женев-2 аст

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳузури Эрон дар кунферонси Женев-2-ро ба тасмими вузарои хориҷаи Омрико ва Русия мавкул (вогузор) кард.

Бон Ки-мун, дабири кулли СММ, дар баёнияе тасреҳ (рӯшан) кард, ки ӯ мувофиқи ҳузури Эрон дар ин нишаст аст, ки дар он ба баррасии роҳкоре бари бурунрафт аз буҳрони Сурия мепардозад.

Теъдоди 30 кишвар феълан қарор аст, ки дар ин нишаст ширкат кунанд.

Феҳристи кишварҳои ширкаткунанда дар кунферонси Женев-2 дар ҷаласае гирифта шуд, ки намояндагоне аз Омрико ва Русия ва Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб дар буҳрони Сурия, дар он ҳузур доштанд.

Оқои Бон дар баёнияи худ бо ишора ба Эрон оварда, ки ҳузури фаъъоли қудратҳои минтақа барои дастёбӣ ба роҳе барои барқарории сулҳ дар Сурия зарурист.

Тасмим дар бораи чигунагии ҳузури Эрон дар ҷаласае бо ҳузури Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико ва Сергей Лавров, ҳамтои русаш, гирифта мешавад, ки рӯзи 13 январ ташкил мешавад.

Рӯзи якшанбеи 5 январ Ҷон Керӣ барои аввалин бор дар бораи ҳузури Эрон дар кунферонси Женев-2 чароғи сабз нишон дод.

Оқои Керӣ албатта гуфт, ки Эрон дар сатҳи вазир дар ин нишаст ҳузур надошта бошад, аммо метавонад дар ҳошияи он барои дастёбӣ ба сулҳ талош кунад.

Эрон пештар омодагии худ барои ҳузур дар ин нишастро эълом карда буд ва Русия низ мувофиқи ҳузури Эрон дар иҷлоси Женев-2 аст.

Эрон ва Русия ҳарду аз кишварҳои ҳомии ҳукумати Сурия ҳастанд.

Омрико Эронро муттаҳам мекунад, ки аз двлати Сурия ҳимояти низомӣ мекунад.

Эътирозҳо ба ҳукумати Башор Асад дар Сурия аз соли 2011 шурӯъ шуд ва хеле зуд ба даргириҳои низомӣ байни тарафдорон ва мухолифони ҳукумат бадал шуд.

Шумори кушташудагон дар Сурия аз марзи 100 ҳазор нафар гузаштааст.

Созмони Милали Муттаҳид қасд дорад барои поён додан ба ҷанги дохилӣ дар Сурия дар нишасти Женев-2 роҳи ҳалле биёбад.

Маросими оғозбакори ин нишаст рӯзи 22 январ дар шаҳри Мунтруи Суис шурӯъ мешавад ва сипас аз 24-уми ҳамин моҳ дар Женев идома меёбад.

Ахзар Иброҳимӣ қарор аст замина барои гуфтугӯи ду тарафро дар ин нишаст фароҳам кунад.

Яке аз аҳдофи нишаст дастёбӣ ба мувофиқати мухолифон ва мувофиқони ҳукумат барои ташкили як давлати муваққат аст, ки дар он ҳар ду тараф ҳузур дошта бошанд, аммо Башор Асад набошад.

Созмони Милал аз нерӯҳои мухолиф хоста, то номи намояндагони худро барои даъват дар ихтиёри ин созмон қарор диҳанд. Аз онҳо хоста шудааст, то он ҷо ки метавонанд, намояндагоне аз тайфҳои мухталифи мухолифон муъаррифӣ кунанд.

Матолиби муртабит