Эрон ба кунферонси Женев-2 барои ҳалли буҳрони Сурия даъват шуд
Image copyrightReutersБон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), эълом кард аз Эрон барои ширкат дар кунферонси Женев-2 барои ҳалли буҳрони Сурия даъват карда ва Эрон дар ин кунферонс ширкат хоҳад кард.
Дабири кулли СММ гуфтааст дар рӯзҳои гузашта чандин бор бо вазири умури хориҷаи Эрон суҳбат карда ва Эрон эъломияи Женев-1-ро ба унвони асоси кунферонси Женев-2 пазируфта ва мутаъаҳҳид шуда "нақше мусбат ва созанда" дар Сурия ифо кунад.
Дар эътирозе, ки се сол аз оғози он дар Сурия мегузарад, то кунун сад ҳазор нафар кушта шудаанд ва ду милюн нафар аз кишвар гурехтаанд.
Кунферонси Женев-2 қарор аст 22 январ дар Мунтруи Суис баргузор шавад.
Бон Ки-мун гуфтааст Эрон дар миёни даҳ кишварест, ки батозагӣ ба феҳристи даъватшудагон ба кунферонс изофа шудаанд. Ба ҷуз Эрон барои Баҳрайн, Устролиё, Белжик, Мекзик, Ҳуланд, Лугзембург, Юнон, Ҷумҳурии Куре ва Виетном даъватнома фиристода шуда, то дар кунферонси Женев-2 ширкат кунанд.
Пештар 30 кишвари дигар даъват ба ин кунферонсро пазируфта буданд
Иҷлоси вузарои хориҷа дар Мунтруи Суис пеш аз музокироти рӯзи ҷумъа миёни ҳайъати давлати Сурия ва гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад дар мақарри СММ дар Женев баргузор мешавад.
Як сухангӯи ҳайъати намояндагии Бритониё дар СММ дар вокуниш ба суханони Бон Ки-мун гуфтааст: "Ҳоло замони он расида, ки Эрон рӯшан кунад даъвати дабири кулли СММ-ро пазируфтааст. Ин кор мушаххас мекунад, ки асоси ширкати ҳар кас дар кунферонси Женев-2 эъмоли муфодди эъломияи Женев-1 аст, ки дар тобистони соли 2012 содир шуд ва хостори гузори сиёсӣ дар Сурия бо тавофуқи ду тараф шуд."
Женев ё Мунтру?
Бон Ки-мун бо истиқбол аз тасмими Эътилофи миллии инқилоби Сурия ва нерӯҳои мусаллаҳ барои ширкат дар ин кунферонс гуфта дар 48 соъати гузашта бо раҳбарони мутаъаддиде дар ҷаҳон гуфтугӯҳои ҷиддӣ ва фишурдаи телефунӣ ва хусусӣ доштааст ва дар талош буда, ки беҳтарин фазои мумкинро барои муваффақияти кунферонси Женев-2 фароҳам кунад.
Дабири кулли СММ дар як кунферонси хабарӣ таъкид кард, ки амиқан ба лузуми ифои нақши Эрон дар ҳалли буҳрони Сурия эътиқод дорад ва Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ӯро мутмаин карда, ки Эрон низ монанди кишварҳои даъватшудаи дигар ба кунферонси Мунтру мутаваҷҷеҳ аст, ки эъмоли комили эъломияи Женев-1 ва барномаи амали содиршуда тайи он ҳадафи аслии кунферонси Женев-2 аст.
Оқои Бон афзуд: "Ман ва вазири умури хориҷаи Эрон ҳамназар будем, ки ҳадафи музокирот истиқрори давлати гузор бо тавофуқи мутақобил ва бо қудрати иҷроии комил аст ва бар ҳамин асос буд, ки Ҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, мутаъаҳҳид ба нақши созанда ва мусбати Эрон дар Мунтру шуд."
Дабири кулли СММ таъкид кардааст: "Бигзоред, сареҳ (рӯшан) бигӯям Мунтру ҷойи музокирот нест. Тарафҳои сурӣ худашон раванди музокираро 24 январ дар Женев оғоз мекунанд."
Ҳимояти аланӣ ё пас гирифтани даъват
Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико, дар вокуниш ба даъвати Эрон гуфта Омрико ин даъватро машрут (бо шарти) ба ҳимояти сареҳ ва алании (ошкори) Эрон аз эъмоли эъломияи Женев-1 ва аз ҷумла истиқрори ҳайъати нозир бар гузори сиёсӣ дар Сурия медонад. Ин чизест, ки Эрон ҳаргиз аланан (ба таври ошкор) эълом накарда ва "Омрико онро аз муддатҳо пеш зарурӣ донистааст."
Сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико дар айни ҳол гуфт Вошингтун камокон нисбат ба нақши Эрон дар "саркӯби золимонаи мардуми Сурия" тавассути ҳукумати Башор Асад, ки ба рушди ифротгароӣ ва бесаботӣ дар минтақа мунҷар шуда, нигарон аст.
Бар асоси гуфтаҳои хонуми Сокӣ, дар сурате ки Эрон ҳимояти худро аз эъломияи Женев аланӣ (ошкор) накунад, ин даъват бояд пас гирифта шавад.
Дабири кулли СММ аз тарафҳои сурӣ дар музокирот хоста "танҳо як ҳадаф, поёни ранҷи мардуми Сурия ва оғози гузор ба Сурияе нав"-ро дар назар дошта бошанд.
Музокироти сулҳ дар Сурия ба риёсати Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ барои ҳалли буҳрони Сурия, дар Женев баргузор хоҳад шуд.
