Башор Асад: Агар мехостам биравам, ҳамон аввал мерафтам
Image copyrightbДар остонаи баргузарии конфаронси Женев 2 бо ҳадафи кумак ба ҳалли буҳрони Сурия расонаҳои Русия ба нақл аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфтаанд, ки ӯ тамоюле ба канорагирӣ аз қудрат надорад ва қарор нест ин масъала дар музокироти сулҳ мавриди баҳс қарор бигирад.
Дар ҳамин робита ожонси хабарии Интерфакс ба нақл аз раиси ҷумҳури Сурия гуфтааст, ки агар вай мехост канорагирӣ кунад, ҳамон аввал канорагирӣ мекард, нақли қавле, ки ҳоло аз суи Сурия такзиб шудааст.
Қарор аст чаҳоршанбеи ин ҳафта (22 анвар) намояндагоне аз давлати Сурия, гурӯҳҳои мухолиф ва диплумотҳои ғарбӣ дар музокироти сулҳ дар Женев ширкат кунанд.
Гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия пештар барканории Башор Асад аз қудратро ба унвони пешшарте барои ширкат дар ҳар гуна музокира дар мавриди ташкили давлате интиқолӣ матраҳ карда буданд.
Аммо эътилофи миллии Сурия, муҳимтарин гурӯҳи мухолифи давлат рӯзи гузашта (шанбеи 18 январ) эълом кард, ки дар ин конфаронс ширкат мекунад.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико аз ин тасмими гурӯҳи аслии шӯришиёни Сурия истиқбол кардааст.
Ӯ тасмими Эътилофи миллии Сурияро барои ширкат дар музокирот, тасмиме "шуҷоъона" тавсиф кард.
Русия ҳам ширкати Эътилофи миллии Сурияро дар музокироти Женев тасмиме дуруст донистааст.
Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал ҳам зимни истиқбол аз ин тасмим ба унвони гоме муҳим ва торихӣ барои ҳалли сиёсии буҳрони Сурия ном бурдааст.
Ҳомиёни ғарбии шӯришиёни Сурия гуфтаанд, ки баргузории конфаронси Женев танҳо роҳи поёни ҷанги дохилӣ дар он кишвар аст.
