Созмони Милал: Кунферонси Сурия бидуни ҳузури Эрон баргузор мешавад

  • 21 Январ, 2014
БонImage copyrightAFP
Image caption Оқои Бон аз ин ки Эрон эъломияи Женев-1-ро напазирфта, "амиқан" ибрози таассуф кард

Дар пайи як рӯз таҳаввулоти сареъ дар иртибот бо ширкати Эрон дар кунферонси Женев-2 дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳаволии соъати чаҳори баъд аз зуҳри душанбе ба вақти шарқи Омрико эълом кардааст, ки ин кунферонс бидуни ҳузури Эрон баргузор хоҳад шуд.

Ин эъломия эҳтимолан нуқтаи поёни таҳаввулотест, ки бо баёнияи як шаб пештари Бон Ки-мун, дабири кулли СММ, доир бар даъват аз Эрон барои ширкат дар кунферонси Мунтру дар Суис шурӯъ шуда буд.

Баёнияе, ки бо эътирози шадиди мухолифони сурӣ ва ҳамчунин давлати Омрико рӯбарӯ шуд. Аммо акнун ҳам Омрико ва ҳам Эътилофи миллии мухолифон гуфтаанд, ки бо адами (набуди) ширкати Эрон ихтилофҳо бар сари баргузории он поён меёбад.

Сухангӯйи оқои Бон баъд аз зуҳри душанбе дар баёнияе навишт, ки мақомҳои эронӣ қаблан тайи як ришта дидорҳо аз ҳимояти худ аз "мабно" ва "ҳадафи" кунферонс, аз ҷумла Эъломияи Женев, суҳбат карда буданд, аммо ӯ аз ин ки Эрон аланан (ошкоро) дар рӯзи душанбе ин масъаларо такзиб кард, "амиқан маъюс" аст, нуктае, ки боъиси пас гирифтани даъват аз Эрон будааст.

Эъломияи Женев, ки 30 июни соли 2012 содир шуда буд, аз ҷумла бар ташкили як давлати интиқолӣ дар Сурия таъкид дошт.

Сухангӯи дабири кулли СММ дар баёнияи баъд аз зуҳри душанбеи худ навишт: "Аз он ҷо ки Эрон тасмим гирифта он тафоҳумро напазирад, дабири кул тасмим гирифта, ки нишасти якрӯзаи Мунтру бидуни мушорикати Эрон баргузор шавад."

Аммо бар асоси ин баёния, оқои Бон ҳамчунон Эронро тарғиб карда, ки ба иҷмоъи байналмилалӣ дар мавриди "Эъломияи Женев" бипайвандад.

Ҷен Сокӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Омрико, ҳам дар баёнияе навишт: "Ҳамон тур ки қаблан борҳо гуфтаем, ҳадафи кунферонс иҷрои комили Эъломияи Женев аст, аз ҷумла ташкили як давлати интиқолӣ бо тафоҳуми тарафайн, ки қудрати комили иҷроӣ дошта бошад."

"Аммо умедворем, ки дар пйи эъломияи имрӯз ҳамаи тарафҳо акнун битавонанд бори дигар бар ҳадафи аслӣ тамаркуз кунанд, яъне ба поён овардани ранҷи мардуми Сурия ва шурӯъи фароянде дар ҷиҳати интиқоли сиёсӣ, ки хеле ақаб уфтодааст."

Муҳаммад Хазоӣ, намояндаи Эрон дар СММ, ҳам дақоиқе пеш аз интишори баёнияи сухангӯйи оқои Бон навишт: "Ҷумҳурии Исломии Эрон талошҳои дабири кулли СММ ва фиристодаи вижаи ӯ оқои Иброҳимӣ барои ёфтани як роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони Сурияро қадрдонӣ мекунад."

"Эрон ҳамвора аз ёфтани роҳи ҳалле сиёсӣ барои ин буҳрон ҳимоят кардааст. Бо ин ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеч гуна пешшарте барои ширкат дар кунферонси Женев-2-ро намепазирад. Агар шарти ширкати Эрон пазириши Эъломияи Женев-1 аст, Эрон дар кунферонси Женев-2 ширкат намекунад."

Рӯзи душанбе Ҳусейни Амир Абдуллоҳиён, муъовини вазири хориҷаи Эрон, гуфта буд, ки кишвараш баёнияи Женев-1 дар бораи Сурияро намепазирад.

Оқои Абдуллоҳиён гуфта буд: "Мо дар Женев-1 ҳузур надоштем ва Эрон нақше дар танзими баёнияи он надоштааст ва исрор барои эъломи пазириши баёнияи Женев-1 ғайри қобили қабул ва мардуд аст."

Пеш аз судури баёнияи ниҳоии сухангӯйи дабири кулли СММ як мақоми баландпояи вазорати хориҷаи Омрико низ рӯзи душанбе гуфта буд: "Мо интизор дорем, ки даъват аз Эрон лағв шавад."

Мухолифони давлати Сурия ҳам гуфта буданд, ки агар даъват аз Эрон лағв нашавад, онҳо аз ширкат дар кунферонс худдорӣ хоҳанд кард.

Дар кунферонси Женев-1 бар адами ҳузури Башор Асад ва наздикони ӯ дар давлати интиқолии пешниҳодии Сурия таъкид шуда буд, аммо давлати Сурия ва Эрон бо ин пешниҳод мухолифат карданд.

Вокуниши тунди мухолифон

Рӯзи душанбе Мунзир Акбик, аз мақомоти аслии Эътилофи миллии Сурия, гурӯҳи аслии мухолифи давлати Димишқ, Эронро муттаҳам ба ҳузури низомӣ дар Сурия кард ва гуфт Эрон бахше аз ҷанги Сурия аст ва наметавонад бахше аз сулҳ бошад ва танҳо дар сурате ки Эрон нерӯҳояшро аз Сурия хориҷ кунад, метавонад дар кунферонс ширкат дошта бошад.

Image copyrightReuters
Image caption Мухолифони давлати Сурия хостори ташкили давлати интиқолӣ дар ин кишвар ҳастанд

Эътилофи миллии Сурия, аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия, ки гуфта буд ба далели ҳузури Эрон дар кунферонси мавсум ба Женев-2 ширкат дар ин музокиротро ба ҳоли таълиқ даровардааст, акнун аз баргузории кунферонси бидуни ҳузури Эрон истиқбол кардааст.

Пештар ожонси хабарии Арабистон ба нақл аз як мақоми расмии ин кишвар гуфт, ки Эрон воҷиди шароити ширкат дар кунферонси Женев-2 нест. Дар ин гузориш гуфта шуда, ки Эрон бо натоиҷи нишасти Женев-1, аз ҷумла ташкили давлате интиқолӣ дар Сурия, мувофиқ нест.

Ожонси хабарии Арабистон ҳамчунин ба нақл аз ин мақом, ки аз ӯ ном бурда нашуда, гуфт: "Эрон расман ва ошкоро мавозеъашро дар мавриди эҷоди давлате интиқолӣ дар Сурия эълом накарда ва ба далели ҳузури нерӯҳои низомии Эрон дар Сурия ин кишвар воҷиди шароити ширкат дар музокироти сулҳи Женев нест.

Арабистони Саъудӣ дар ҷанги дохилӣ дар Сурия аз шӯришиёни мухолифи давлат ҳимоят мекунад. Эрон ба ҳамроҳи Русия аз ҷумлаи кишварҳои ҳомии Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, аст.

Ин дар ҳолест, ки пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, низ дар суханоне гуфт: "Аз ҳамон ибтидо мо бар даъвати ҳамаи кишварҳое, ки дар таҳаввулот(и Сурия) таъсиргузор ҳастанд, бидуни истисно барои ширкат дар ин нишаст таъкид кардем."

"Мутмаиннан, Эрон ба монанди Арабистони Саъудӣ ва кишварҳои халиҷи Форс, ҳамчунин Туркия, Миср ва Ироқ яке аз кишварҳоест, ки ба таври мустақим дар ҳалли ин буҳрон ва бидуни хадша (харош) ворид намудан ба саботи ин минтақаи муҳим дар ҷаҳон зинафъ аст."

Қарор аст кунферонси Женев-2 чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ (22 январ) дар шаҳри Мунтру дар Суис баргузор шавад.

Матолиби муртабит