Лавров: Адами ҳузури Эрон дар иҷлоси Женев таассуфовар аст, аммо фоҷиъабор нест
Image copyrightAPМақомоти эронӣ ва вазири хориҷаи Русия аз иқдоми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар пас гирифтани даъват аз Эрон барои ҳузур дар иҷлоси ҳали буҳрони Сурия дар Женев ибрози таассуф кардаанд. Ҳамзамон ҳайати ҳавопаймоҳои эъзомии Сурия ба Женев қодир ба сӯхтгирӣ дар Юнон набудааст.
Рӯзи сешанбе, 1 баҳман (21 январ) гузориш шуд, ки ба далели таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо алайҳи Сурия Юнон аз таҳвили сӯхт ба ҳавопаймои ҳайати эъзомии давлати Сурия ба иҷлоси Женев худдорӣ кардааст. Ин ҳавопаймо дар масири худ ба Суис (Швейтсария) барои сӯхтгирӣ дар фурудгоҳи Отен (Афина) ба замин нишаста буд.
Телевизиюни давлатии Сурия зимни интишори ин гузориш гуфтааст, ки давлати ин кишвар қаблан муҷаввизи убури ин ҳавопаймо аз ҳарими ҳавоии Юнон ва фуруд барои сӯхтгирӣ дар фурудгоҳи Отенро дарёфт карда буд. Юнон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дабири кулли Созмони Милал дар рӯзҳои ахир аз онҳо барои ҳузур дар иҷлоси Женев даъват ба амал овардааст.
Пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ бо ишора ба лағви даъвати дабири кулли Созмони Милал аз Эрон барои ширкат дар иҷлоси Женев гуфта буд, ки ин иқдом "албатта як иштибоҳ буд, аммо таҳаввуле фоҷеъабор маҳсуб намешавад."
Рӯзи гузашта сухангӯи Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал эълом кард, ки ба далели ин ки Ҷумҳурии Исломӣ аз қабули натиҷаи иҷлоси Женев - 1 шомили лузуми барқарории як давлати интиқолӣ барои ҳалли буҳрони Сурия худдорӣ карда, оқои Бон даъвати қаблии худ аз Эрон барои ширкат дар иҷлоси мавсум ба Женев-2 ро пас мегирад.
Оқои Лавров дар ин маврид гуфтааст, ки давлати Русия ҳамвора таъкид дошта, ки тамомии тарафҳои муртабит бо масъалаи Сурия бояд дар иҷлоси Женев ҳузур дошта бошанд ва афзуд: "Ғайбати Эрон ба талош барои ваҳдат дар ҷаҳони ислом ва мубориза бо терурисм, ки таҳдиде алайҳи ҳамаи кишварҳо аз ҷумла кишварҳои исломӣ аст, кумаке нахоҳад кард."
Вазири хориҷаи Русия талвеҳан аз тасмими дабири кул дар пас гирифтани даъвати аввалия аз Эрон интиқод кард ва гуфт: "Ман мутаассифам, ки таҳаввулоти ахир боъиси афзоиши иқтидор ва таҳкими мавқеъияти Созмони Милал нашудааст."
Пас аз эъломи даъвати Бон Ки-мун аз Эрон Иёлоти Муттаҳида ин даъватро мавриди интиқод қарор дод ва мухолифони ҳукумати Сурия низ бо муттаҳам кардани Ҷумҳурии Исломӣ ба ин ки мустақиман дар ҷанги дохилии Сурия мушорикат дорад, гуфтанд дар сурати ҳузури Эрон дар иҷлоси Женев дар ин нишаст ҳузур нахоҳанд ёфт.
Хабари лағви даъват аз Эрон шомгоҳи гузашта интишор ёфт ва сухангӯи дабири кулли Созмони Милал гуфт, ки даъвати аввалия бо ин эътиқод сурат гирифта буд, ки эрониён аз натиҷаи иҷлоси Женев-1, ки дар соли 2012 баргузор шуд, ҳимоят мекунанд. Вай афзуд, ки иҷлоси Женев-2 барои пайгирии натиҷаи иҷлоси қаблӣ баргузор мешавад.
Агарчи давлати Сурия гуфтааст, дар иҷлоси Женев-2 ширкат мекунад, аммо мақомоти он кишвар мусаввабаи иҷлоси қаблӣ дар мавриди лузуми ташкили давлати интиқолиро, ки ба манзалаи канорагирии давлати кунунӣ аст, расман напазируфтаанд.
Вазифаи давлати интиқолӣ барқарории шароити муносиб барои баргузории интихоботи озод аст ва мухолифони ҳукумати Сурия таъкид доштаанд, ки танҳо дар сурате бо давлати интиқолӣ ҳамкорӣ мекунанд, ки Башор Асад дар он узвият надошта бошад. Давлати Сурия ва Ҷумҳурии Исломӣ то кунун таъкид доштаанд, ки ҳар роҳи ҳалле бояд зери назари Башор Асад, ба унвони "раиси ҷумҳурии интихобии мардуми Сурия" иҷро шавад.
Интиқод ва ибрози таассуфи эрониён
Дар вокуниш ба лағви даъват аз Эрон, Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ гуфтааст, ки аз ин ки Бон Ки-мун даъват аз Эронро пас гирифта мутаассиф аст.
Ба гузориши ИРНО, оқои Зариф гуфтааст, ки "оқои Бон дар ҳафтаи гузашта чандин бор бо ман тамос гирифт ва ман сареҳан ба эшон эълом кардам, ки барои ҳузур дар ин нишаст ҳеҷ гуна пешшартеро намепазирем." Вай афзудааст: "Мутаассифем, ки оқои Бон бар асари фишорҳои ворида пешниҳоди худро пас гирифт ва ин рафторро дар шаъни дабири кулл намедонем."
Хабаргузории донишҷӯёни Эрон - ИСНО ҳам ба нақл аз Ҷаводи Зариф гуфтааст, ки Эрон шавқи чандоне ба ширкат дар иҷлоси Женев надошт ва танҳо ба далели даъвати дабири кулл барои ҳузур дар он ибрози омодагӣ кард. Оқои Зариф афзудааст, ки қарор набуд Ҷумҳурии Исломӣ дар сатҳи вазири хориҷа дар ин иҷлос ҳозир шавад ва дар сурати ҳузур қарор буд муъовини вазири хориҷа намояндагии Эронро бар уҳда дошта бошад.
Марзия Афхам, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ҳам гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳеҷ гоҳ мутақозии ширкат дар иҷлоси Женев-2 набуд, аммо вазири хориҷа ва намояндаи Эрон дар Созмони Милал пешопеш эълом карда буданд, ки ҳеҷ пешшартеро барои ширкат дар ин иҷлос намепазиранд. Хонуми Афхам изҳороти сухангӯи дабири кулл дар мавриди қабули мусаввабаи Женев-1 аз суи Эронро рад кард ва гуфт, ки "ҳарфе аз таъаҳҳуди Эрон зада нашуд."
Сухангӯи вазорати хориҷа дар мавриди пас гирифтани даъвати Бон Ки-мун гуфт: "Ҷои тааасуф дорад, ки оқои дабири кулл таҳти фишорҳо ин иқдомро, ки ба ибтикори худашон буд, тағйир доданд ва мутаваққеъ будем эшон далоили воқеъии пас гирифтани даъватро баён кунанд."
Дар ҳамин замина шабакаи телевизиюнии Пресс тивӣ (Press TV), мутаъаллиқ ба давлати Эрон изҳороти Алӣ Акбари Вилоятӣ, вазири умури хориҷаи пешин ва раиси маркази таҳқиқоти истротежики Шурои ташхиси маслиҳати Ҷумҳурии Исломиро мунташир карда, ки гуфтааст, ки Эрон натиҷаи иҷлоси Женев-1ро мардуд медонад.
Бо вуҷуди тасмими давлати Сурия ба ширкат дар иҷлоси Женев-2, оқои Вилоятӣ гуфтааст, ки дар ҳоле ки ҳукумати Сурия машруъияти байналмилалӣ дорад, мухолифони он "террурист" ҳастанд, ки бар асоси мусаввабаи иҷлоси Женев-1, бояд дар канори ҳукумати феълӣ дар давлати интиқолӣ ширкат кунанд. Вай гуфтааст, ки дар чунини сурате ниме аз давлати интиқолӣ шомили терруристҳо хоҳад буд.
Қарор аст иҷлоси Женев-2 рӯзи чаҳоршанбе, 2 баҳман (22 январ) кори худро оғоз кунад, аммо бо таваҷҷуҳ ба мавозеъи мутаноқизи тарафҳои ширкаткунанда пешбинии натиҷаи он осон нест.
Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия таъкид доштаанд, ки ҳеҷ роҳи ҳаллеро, ки шомили канорагирии Башор Асад набошад, намепазиранд ва давлати Сурия низ бар роҳи ҳалли пешниҳодии Башор Асад, шомили халъи силоҳи мухолифон ва баргузории интихобот тавассути давлат ба раҳбарии худи ӯ таъкид дорад.
