Кунфронси Женев-2: Гуфтугӯҳо барои интиқоли қудрат дар Сурия идома дорад
Image copyrightGettyКунфронси Женев-2 барои дастёбӣ ба роҳи ҳалле барои хотимаи ҷанги дохилӣ дар Сурия бо ҳадафи гуфтугӯ бар сари масоъили сиёсӣ, аз ҷумла ихтилофот дар хусуси интиқоли қудрат, идома меёбад.
Дар канори гуфтугӯ бар сари масоили сиёсӣ қарор аст музокира барои расондани кумакҳои башардӯстона ба шаҳри Ҳумс низ идома ёбад.
Рӯзи гузашта Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Cурия гуфт, ки давлати Сурия ба занону кӯдакон иҷозаи хуруҷ аз маҳаллаи қадимии Ҳумсро, ки таҳти муҳосира аст, медиҳад.
Бо ин ҳол, Файсал Миқдод, муъовини вазири хориҷаи Сурия, гуфтааст, ки занону кӯдакон озод ҳастанд, ки Ҳумсро тарк кунанд, аммо ба гуфтаи ӯ гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ ҳастанд, ки аз хуруҷи онҳо аз шаҳр ҷилавгирӣ мекунанд.
Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки давлати Сурия ҳамчунин хоҳони ироаи феҳристе аз номи мардони ғайринизомии болиғе шудааст, ки тамоюли хуруҷ аз шаҳрро доранд. Ба гуфтаи мақомоти сурӣ ин иқдом барои ҳусули итминон аз ин аст, ки дар миёни онҳо афроди мусаллаҳи мухолифи давлат набошанд.
Оқои Иброҳимӣ дар айни ҳол изҳори умедворӣ кардааст, ки кумакҳои башардӯстона низ ба Ҳумс ирсол шавад.
Вай таъкид кардааст, ки мухолифон дар ҷараёни музокирот мувофиқат кардаанд, то асомии афродеро, ки дар боздошти нерӯҳои мусаллаҳи мухолиф ҳастанд, ба давлат ироа кунанд.
Нерӯҳои Башор Асад аз беш аз як сол пеш манотиқи таҳти кунтрули мухолифонро дар Ҳумс муҳосира кардаанд.
Гуфта мешавад, ки садҳо нафар дар ин манотиқ дар шароити бисёр душворе зиндагӣ мекунанд, ки бахши умдае аз онҳо дучори беморӣ шудаанд.
Аз соли 2011, ки ҷанги дохилии Сурия оғоз шуда, беш аз яксад ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.
Дар ҷанги дохилии Сурия беш аз 9 милюн нафар низ овора шудаанд ва ин ҷанг як буҳрони инсонии азим барои Сурия ва ҳамсоягонаш эҷод кардааст.
