Оғози конфаронси сулҳи Сурия бо суханрониҳои шадидуллаҳн
Image copyrightAPИҷлоси баррасии роҳҳои поён додан ба буҳрони Сурия мавсум ба Женев-2 бо ширкати намояндагони шуморе аз кишварҳои ҷаҳон дар шаҳри Мунтреу, воқеъ дар соҳили дарёчаи Женев дар Суис (Швейтсария) кори худро оғоз кардааст.
Бон Ки-мун, дабирикули созмони милал дар суханони ифтитоҳияи иҷлоси Женев-2 гуфт, ки ширкаткунандагон дар иҷлос масъулияте бузург ва "чолиши хатир" дар баробар доранд.
Вазири итилоърасонии Сурия гуфтааст, ки далели ҳузури ҳайати сурӣ дар иҷлоси Женев дифоъ аз манофеъи олия, мутаваққиф кардани хунрезӣ, ихроҷи терруристҳои хориҷӣ ва ҳифзи ҳокимияти кишвар аст, аммо ҳамзамон бо талоши сиёсӣ дар ин замина набарди низомӣ низ идома хоҳад дошт.
Ширкат дар иҷлоси Женев-2 нахустин маврид аз мулоқоти намояндагони давлати Сурия ва мухолифони Башор Асад аз замони оғози буҳрони сиёсии ин кишвар дар марти соли 2011 аст.
Дабири кулли Созмони Милал дар суханони ифтитоҳияи худ хитоб ба намояндагони давлати Сурия ва Эътилофи миллӣ, муташаккил аз мухолифон хост то аз фурсате, ки иҷлоси Женев фароҳам карда, барои поён додан ба хунрезӣ истифода кунанд.
Чандин моҳ аст ки Созмони Милали Муттаҳид ва диплумотҳои русӣ ва омрикоӣ талош мекунанд то ду тарафи даргир дар ҷанги Сурияро тарғиб кунанд то дар конфаронси сулҳи байналмилалии мавсум ба "конфаронси Женев-2" ширкат кунанд.
Рӯзи аввали музокироти Сурия ба ҷои Женев дар шаҳри Мунтреу баргузор мешавад ва далелаш конфаронси соъатсозони суисӣ (швейтсариягӣ) дар Женев аст.
Бон Ки-мун хитоб ба намояндагони ҳудуди чиҳил кишвари ширкаткунанда дар иҷлос гуфт " пас аз ҳудуди се соли даргирии дарднок дар Сурия имрӯз рӯзи умед аст." Ӯ бо ишора ба ҳудуди яксаду сӣ ҳазор куштаи ҷанги дохилии Сурия гуфт: "Агар ин фурсат аз даст биравад, чӣ теъдоди дигаре дар Сурия бояд ҷони худро аз даст бидиҳанд?”
Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия дар суханони худ ба шиддат аз кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс ва Туркия интиқод кард ва гуфт ин кишварҳо саъй доранд Сурияро ба даврони қуруни вусто баргардонанд. Зоҳиран ишораи ӯ ба ҳузури исломгароёни мусаллаҳ аст, ки дар садади эҷоди ҳукумати исломӣ дар Сурия ҳастанд.
Суханронии Валид Муъаллим ба рағми тамом шудани вақт идома кард. Бон Ки-мун аз ӯ хост то ба суханрониаш поён диҳад, аммо Валид Муъаллим ба ин тазаккур таваҷҷуҳе накард ва ба дабири кули Созмони Милал гуфт шумо дар Ню-йурк зиндагӣ мекунед ва ман дар Сурия ва пас аз се соли ранҷ, ин ҳақи ман аст (барои идомаи суҳбат)
Валид Муъаллим мухолифони ҳукуматро хоин хонд.
Вазири хориҷаи Сурия дар суханони тӯлонии худ гуфт, ки "фақат мардуми Сурия ҳақ доранд дар мавриди сарнавишти Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар тасмимгирӣ кунанд."
Вазири хориҷаи Сурия гуфт: "Мо ба унвони намояндагони мардум ва давлати Сурия дар ин иҷлос ҳузур дорем ва ҳама бояд бидонанд, ки ҷуз мардуми Сурия ҳеҷ кас дар ҷаҳон ҳақ надорад машруъияти раиси ҷумҳурӣ ва давлати Сурияро аз онҳо салб кунад." Пештар вазири хориҷаи Омрико гуфта буд дар ояндаи Сурия Башор Асад ҷой надорад.
Валид Муъаллим аз "қудратҳои" хориҷӣ хост то ба "ҳимояти худ аз террурисм" хотима диҳанд ва таҳримҳои кунунӣ алайҳи Сурияро бардоранд.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико гуфт, ки Башор Асад як ҳаракати эътирозии сулҳомезро ба як фоҷеъаи ҷаҳонӣ табдил кард ва афзуд, ки ӯ дар давлати интиқолии ояндаи Сурия наметавонад нақше ба уҳда дошта бошад.
Изҳороти мутазоди вазирони хориҷаи Омрико ва Сурия дар оғози иҷлоси Женев2- ихтилофи назари ширкаткунандагон бар сари мавқеъияти Башор Асад дар ояндаи сиёсии Сурияро ошкор кардааст.
Вазорати хориҷаи Омрико ва дабири кулли Созмони Милал изҳороти Валиди Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия дар иҷлоси Женевро мавриди интиқод қарор додаанд. Валид Муъаллим кишварҳои ҳамсояи Сурияро ба ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз "терруристҳо" муттаҳам карда ва ҳар пешниҳоде барои канорагирии Башор Асадро мардуд дониста буд.
Вазорати хориҷаи Омрико дар мавриди суханронии вазири хориҷаи Сурия гуфтааст, ки изҳороти ӯ бо рӯҳ ва аҳдофи иҷлоси Женев барои оштии миллӣ дар Сурия аз тариқи истиқрори давлати интиқолӣ ҳамхонӣ надошт ва Валид Муъаллим ба ҷои тарсими чашмандозе мусбат ва сулҳомез аз оянда ба "лаффозиҳои таҳрикомез" мубодират кард.
Дабири кулли созмони милал ҳам аз ин ки Валид Муъаллим аз фурсати суханронӣ дар иҷлоси Женев барои "ҳамлаи лафзӣ ба сойири ширкаткунандагон" баҳрабардорӣ карда буд, ибрози таассуф кард.
Аҳмад Ҷарбо, намояндаи Эътилофи миллии Сурия, муташаккил аз мухолифони Башор Асад, гуфтааст, ки мардуми Сурия дигар наметавонанд "ҳукумати ақаллият бар аксарият"-ро бипазиранд ва хостори як низоми сиёсии фарогир ҳастанд. Аксарияти мардуми Сурияро сунниҳо ташкил медиҳанд ва муътақиданд, ки қудрати сиёсӣ ва имтиёзоти иқтисодӣ дар дасти ақаллияти алавимазҳаб муттамаркиз аст.
Аҳмад Ҷарбо, намояндаи эътилофи миллии Сурия гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ ба манзури эҷоди нигаронӣ дар мавриди ояндаи Сурия ба шибҳнизомиёни вобаста ба Алқоъида дар ҷанги дохилии ин кишвар кумак мекунанд.
Намояндаи Эътилофи миллии Сурия аз намояндагони давлати Сурия хост то расман таъаҳҳуди худ ба баёнияи иҷлоси Женев-1 ро эълом кунанд. Иҷлоси Женев-1 дар соли 2012 баргузор шуд ва баёнияи ниҳоии он роҳи ҳали буҳрони Сурияро истиқрори давлати интиқолӣ барои баргузории интихоботи озод донист.
Амир Саъуд Алфайсал, вазири хориҷаи Арабистони Саъудӣ дар суханронии худ дар иҷлоси Женев гуфт, ки Башор Асад "ки дасташ ба хуни мардуми Сурия оғушта аст" наметавонад дар давраи интиқолии Сурия ҷой дошта бошад. Саъуд Алфайсал хост то нерӯҳои хориҷӣ Сурияро тарк кунанд ва дар ин маврид, аз шибҳнизомиёни эъзомии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва нафароти сипоҳи посдорони Эрон ном бурд.
Вазири хориҷаи Арабистон дар идомаи суханони худ таъкид кард, ки Созмони Милал набояд ҳадафи барқарории давлати интиқолиро аз назар дур нигаҳ дорад ва афзуд: замони он фарорасида, ки мардуми Сурияро дигар ноумед накунем.
Ба гуфтаи хабарнигорон қарор аст гуфтугӯ дар бораи мавзуъоте асосӣ монанди оташбаси минтақаӣ ва дастрасии имдодгарон ба ниёзмандон ба кӯмакҳои башардӯстона аз рӯзи ҷумъа оғоз шавад.
Баъзе аз нозирон гуфтаанд, ки ҳатто агар иҷлоси Женев2- битавонад бар сари мавзуъоте монанди оташбас ва имдодрасонӣ ба ҳам ба тафоҳумҳое бирасад, бояд онро дастоварде муҳим донист.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ки ба Бруксел сафар карда, бо ишора ба гузориши ахир дар мавриди қатли чанд ҳазор тан дар зиндонҳои Сурия гуфт, ки интишори тасовири қурбониён дар остонаи баргузории иҷлоси Женев, ёдовари буҳрони вахими инсонӣ дар Сурия аст, ки лузуми ёфтани роҳи ҳалле фавриро гӯшзад мекунад. Ӯ гуфт, ки ба назари ӯ Созмони Милал ва ниҳодҳои байналмилалӣ бояд бо ин буҳрон "ба шакли дигар" бархурд кунанд.
Поп Фронсис, раҳбари калисои котулик барои муваффақияти иҷлоси Женев-2 дуъо кард ва гуфт: “Умедворам ин иҷлос роҳгушои оштӣ, тафоҳум ва бозсозӣ ва эҷоди шароите бошад, ки дар он ҳамаи шаҳрвандони Сурия бо якдигар ҳамкорӣ кунанд ва якдигарро на ба сурати душман ва рақиб, балки ба унвони бародар бубинанд ва дар оғӯш бигиранд.”
Субҳи рӯзи чаҳоршанбе хабаргузориҳои дохилии Эрон ба нақл аз Ҳасани Рӯҳонӣ гузориш карданд, ки умеди чандоне ба иҷлоси Женев надорад, зеро кишварҳое, ки омили бесаботӣ дар Сурия ҳастанд, дар ин иҷлос ҳузур доранд.
Вазорати хориҷаи Эрон дар баёнияе мавозеъи худ нисбат ба иҷлоси Женев-2ро баён карда ва гуфтааст, ки авлавияти ин иҷлос бояди "мубориза бо террурисм" бошад. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ монанди давлати Сурия ҳамаи мухолифони ҳукумати он кишварро террурист меноманд.
Вазорати хориҷаи Эрон дар баёнияи худ афзудааст: “Ҷумҳурии исломии Эрон аз вахомати авзоъи инсонӣ дар Сурия ибрози нигаронии шадид менамояд ва муҳосираи иқтисодӣ ва иқдомоти гурӯҳҳои терруристӣ омили муҳими ин вазъият мебошад ва маротиби таассуфи худро аз ин ки гурӯҳҳои такфирӣ шароити инсонии муносиберо дар Сурия ба вуҷуд овардаанд ва ҳамчунон мавриди ҳимояти хориҷӣ ҳастанд, иброз менамояд.
Дар идомаи баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон омадааст "бетардид меъёри ҳар роҳкори демукротик, бояд раъйи мардуми Сурия аз тариқи меконизми интихоботе итминонбахш бошад. Тазмини мавқеъияти ҳар гуна роҳи ҳалли сиёсӣ, эҳтиром ба раъйи мардуми Сурия аст ва таҳмили иродаи хориҷӣ бар иродаи мардуми Сурия ба бунбаст мунтаҳӣ хоҳад шуд." Ҷумҳурии Исломӣ аз роҳи ҳалле барои буҳрони Сурия ҳимоят карда, ки шомили идомаи раёсати ҷумҳурии Башор Асад бошад.
