Гуфтугӯи ғайримустақими намояндагони давлат ва мухолифони Сурия дар як утоқ
Image copyrightAFPМузокироти Женев-2 дар бораи буҳрони Сурия бо ҳузури намояндагони ҳукумат ва гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад аз субҳи рӯзи шанбе оғоз шудааст.
Намояндагони ду тараф дар як утоқ ҳозиранд, аммо якдигарро хитоб намекунанд ва рӯ ба Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид, сухан мегӯянд.
Аввалин рӯзи нишасти Женев-2 ҷумъаи 4 баҳман (24 январ) бидуни дидори рӯдаррӯи ду тараф ба поён расид.
Пештар телевизиюни давлатии Сурия ба нақл аз Валид Муъаллим, намояндаи Сурия дар нишасти Женев-2 эълом карда буд, дар сурате ки то рӯзи шанбе баҳсҳои "ҷиддӣ" оғоз нашавад, ҳукумати СУрия мумкин аст ин музокиротро тарк кунад.
Намояндагони тарафҳои даргир ҳанӯз омодагӣ надоранд, ки ба таври мустақим бо ҳам ҳарф бизананд, аммо Ахзар Иброҳимӣ, миёнҷии Созмони Милал, гуфт, умедвор аст, ки баъд аз ҷаласаи субҳ дар мавриди ҷузъиёти фаннӣ битавонанд ба масоили дигар бипардозанд.
Манобеъи диплумотик мегӯянд умед меравад, ки дар музокироти имрӯз дар мавриди расондани кумакҳои инсондӯстона ба афроде, ки дар манотиқи атрофи Ҳумс муҳосира шудаанд, баҳс шавад.
Гуфта мешавад Омрико, Русия ва Созмони Милал талошашонро бар ин мавзӯъ мутамаркиз кардаанд.
Имуҷин Фукес, хабарнигори Би-би-сӣ дар Женев, мегӯяд эъломи ин мавзӯъ аз тарафи оқои Иброҳимӣ, ки тарафайн билохира дар як утоқ дидор хоҳанд кард, аввалин нишонаи мусбат аз замони шурӯъи музокироти ҷорӣ аст.
Нерӯҳои Башор Асад аз беш аз як сол пеш манотиқи таҳти кунтрули мухолифонро дар Ҳумс муҳосира кардаанд.
Аз соли 2011, ки ҷанги дохилии Сурия оғоз шуд, беш аз 100 ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.
Дар ҷанги дохилии Сурия беш аз нуҳ милюн нафар низ овора шудаанд ва ин ҷанг як буҳрони инсонии азим барои Сурия ва ҳамсоягонаш эҷод кардааст.
