Давлат ва шӯришиёни Сурия дар хусуси озодии асирон гуфтугӯ хоҳанд кард
Image copyrightReutersНамояндагони давлати Сурия ва гурӯҳе аз шӯришиён мавсум ба 'Эътилофи миллии Сурия' имрӯз дар Женев дар хусуси табодули асирон гуфтугӯ хоҳанд кард.
Гуфтугӯҳо дирӯз (шанбе) дар хусуси имдодрасонӣ ба бахшҳое аз шаҳри Ҳумс буда, ки таҳти муҳосира қарор доранд.
Ахзар Иброҳимӣ, диплумоти собиқи алҷазоирӣ, ки намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин гуфтугӯҳо аст, музокироти дирӯзро "як оғози хуб " тавсиф кардааст.
Ӯ гуфт қадамҳои аввал қадамҳои кӯчаке ҳастанд, ки ҳосили зиёде надоранд, аммо фазоро барои расидан ба масаълаи аслӣ, яъне ташкили давлати интиқолӣ дар Сурия, фароҳам мекунанд.
Мақомоти давлатии Сурия мегӯянд, ки поён додан ба терурисм ва хушунат дар он кишвар авлавияти онҳост, лекин шӯришиён мегӯянд қадами аввал бояд хуруҷи Башор Асад, раиси ҷумҳур аз қудрат бошад.
Дар музокироти дирӯз ду тараф бар сари як миз рӯй дар рӯйи ҳамдигар нишастанд, аммо ба гуфтугӯи мустақим напардохтанд.
Ҳар ду тараф Ахзар Иброҳимиро ба унвони раиси ҷаласа мавриди хитоб қарор медоданд ва мавозеъи худро аз тариқи ӯ ба гурӯҳи муқобил мунтақил мекарданд.
Созмони Милал мегӯяд беш аз яксад ҳазор нафар аз замони оғози шӯришҳо дар Сурия то кунун ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз нуҳ миллиюн нафар низ овора шудаанд.
