Оғози даври тозаи музокироти сулҳи Сурия дар Женев

  • 10 Феврал, 2014
Image copyrightc
Image caption Даври қаблии музокирот дар Женев бидуни натиҷа поён ёфт

Даври дувуми музокироти сулҳи Сурия байни давлат ва мухолифон дар Женев оғоз шудааст. Ахзари Иброҳимӣ, намояндаи Созмони Милал дар буҳрони Сурия, гуфтугӯҳоро бо дидорҳои ҷудогона бо тарафайн шурӯъ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон муътақиданд шикоф ва ихтилофи назари тарафайн аз ҳамеша амиқтар ба назар мерасад.

Даври қаблии музокирот даҳ рӯз бидуни ҳеҷ натиҷае ба поён расид ва ҳеҷ нишонае, ки аз эҳтимоли навъе тавофуқ дар оянда ҳикоят кунад, дида нашуд.

Давлати Сурия муътақид аст ҳадафи аслии гуфтугӯҳо бояд мубориза бо "терурисм" бошад, аммо мухолифон мегӯянд авлавияти онҳо барканории Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, аст.

Мухолифон ба илова он чиро давлат терурисм мехонад, қиём медонанд ва дар ташкили як давлати интиқолӣ бар асоси баёнияи Женев-1 (соли 2012) таъкид доранд.

Давлати Сурия аммо ҳар навъ интиқоли қуратро комилан рад мекунад.

Image copyrightReuters
Image caption Оқои Иброҳимӣ умедвор аст дар ин давр бар хилофи даври қаблӣ заминаи муштараке барои тавофуқ ба вуҷуд омада бошад

Дар даври қаблии музокирот намояндагони давлат ва мухолифон бе он ки бо ҳам гуфтугӯ кунанд дар фоислае дур аз ҳам нишастанд ва фақат ба ҳамдигар фаҳҳошӣ карданд ва тарафи муқобилро дастнишонда хонданд.

Дар даври қаблӣ оқои Иброҳимӣ аз ин ки ду тараф ҳатто дар мавриди кумакҳои инсондӯстона ҳам натавонистанд ба тавофуқ бирасанд, башиддат мутаассиф буд.

Бо ин ҳол, Ахзари Иброҳимӣ, намояндаи вижаи Созмони Милал барои буҳрони Сурия, мегӯяд барои ин давр аз музокирот "заминаи муштараке" фароҳам шудааст.

Гузоришгарони ҳозир дар Сурия мегӯянд мавқеъияти давлати Сурия аз даври қаблии музокирот маҳкамтар шуда, чаро ки нерӯҳои давлатӣ тавонистаанд манотиқеро ба ишғоли худ дароваранд, дар ҳоле ки шӯришиёни мухолифи давлат дар шимолу шарқи Сурия ба набард бо якдигар пардохтанд.

Оғози ин давр аз музокирот бо поёни оташбаси серӯзаи шаҳри Ҳумс ва тахлияи шашсад зану бача ва солманд дар рӯзи якшанбе (9феврал) ҳамзамон шудааст.

Бо ин ҳол, нерӯҳои давлатӣ, ки аз ду сол пеш Ҳумсро муҳосира кардаанд, мардони ҷавонеро, ки қасди тарки шаҳрро карданд, боздошт ва аз онҳо бозҷӯйӣ кардаанд ва аз сарнавишти онҳо хабаре дар даст нест.

Image copyrightAFP.Getty Images
Image caption Як имдодгар дар ҳоли наҷоти яке аз аҳолии Ҳумс

Тахлияи Ҳумс дар ҳоле анҷом шуд, ки оташборӣ ва тирандозӣ идома дошт ва ду тараф ҳамдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд.

Гурӯҳҳои имдодрасон мегӯянд пас аз вуруди имдодгарон ба маҳал барои расондани дору ва ғизо ба мардуми қаҳтизада, табодули оташ кори имдодро душвор кард ва теъдоде аз имдодгарон соъатҳо натавонистанд аз минтақа хориҷ шаванд.

Ба гуфтаи имдодгарон ин табодули оташ боъиси кушта ва захмӣ шудани шуморе аз сокинони шаҳр шудааст.

Оташбаси Ҳумс ҳам маҳсули тавофуқи фармондори ин шаҳр бо ҳамоҳангкунандаи маҳаллии Созмони Милал буд.

Фармондори Ҳумс мегӯяд оташбаси ин шаҳр мумкин аст се рӯзи дигар тамдид шавад, то тамоми касоне ки мехоҳанд, фурсати хуруҷ аз шҳрро пайдо кунанд.

Ин шаҳр яке аз муҳимтарин манотиқи даргирии давлат ва шӯришиён аст ва артиши Сурия аз ибтидои соли 2012 бо бумборони ҳаррӯзаи он ва ҳамлоти шадид саъй дар бозпасгирии он доштааст.

Ҷанги дохилии Сурия бештари манотиқи ин кишварро ба вайрона бадал кардааст.

Натиҷаи ин даргириҳо кушта шудани ҳазорон нафар буда ва бештари шаҳр табдил ба вайрона шудааст.

Матолиби муртабит