Тахлияи садҳо ҳазор нафар аз манотиқи таҳти муҳосираи Ҳумс
Image copyrightAFPРасонаҳои давлатии Сурия аз тахлияи бештар аз 600 нафар аз сокинони ғайринизомии маҳаллаи қадимии шаҳри Ҳумс, ки дар ихтиёри мухолифони ҳукумати Башор Асад аст, хабар додаанд.
Ин афрод дар ҳоле аз ин шаҳр хориҷ шуданд, ки корвони имдодгарони Ҳилоли аҳмари Сурия ва Созмони Милали Муттаҳид зери оташ қарор гирифт.
Имдодгарон ҳамчунин муваффақ шуданд маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаро ба сокинони ин минтақа аз шаҳри Ҳумс, ки бештар аз як сол дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ ҳастанд, мунтақил кунанд.
Имдодрасонӣ якшанбе ва дар охирин рӯз аз оташбаси серӯза анҷом шуд.
Корвони созмонҳои имдодӣ шанбе ба муддати чанд соъат ҳадафи оташборӣ қарор гирифта буд.
Имдодрасонон пас аз интиқоли кумакҳои башардӯстона гурӯҳе аз ғайринизомиёни таҳти муҳосираро бо худ ба хориҷ аз ин минтақа интиқол доданд.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд тахлияшудагон рангпарида ва асабӣ ба назар мерасиданд.
Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз ин афрод моҳҳо таҳти муҳосира зиндагӣ карда буданд ва аз хадамоти беҳдоштӣ ва хӯроки кофӣ бархӯрдор набуданд.
Бештари ин афродро кӯдакон, занон ва афроди мусин ташкил медоданд, вале теъдоде марди ҷавон ҳам дар байни онҳо дида мешуданд.
Хабарнигори рӯзномаи "Вол Истрит Журнол" аз боздошти мардони ҷавон ба василаи нерӯҳои амниятии ҳукумати Сурия ва интиқоли онҳо ба як минтақаи номаълум хабар додааст.
Ҳукумати Сурия ва мухолифони он дар иҷлоси Женев-2 дар бораи ин оташбас ба тавофуқ расида буд.
Бо ин ҳол, корвони имдодгарон шанбе ҳадафи ҳамалоти хумпораӣ ва тирандозӣ қарор гирифт.
Давлати Сурия мухолифонро муқассир дониста ва мухолифон артиши ин кишварро ба ҳамла ба имдодгарон муттаҳам кардааст.
Ин ҳамла талафоте ба ҳамроҳ дошт.
Фармондори Ҳумс ибрози умедворӣ кардаст, ки оташбаси Ҳумс барои се рӯзи дигар тамдид шавад.
Ҳумс шоҳиди яке аз хунинтарин набардҳо миёни ҳукумати Сурия ва мухолифони он будааст.
Артиши Сурия аз соли 2012 амалиётеро барои тасарруфи манотиқи таҳти кунтрули мухолифон дар Ҳумс оғоз карда ва оташбории шадид бахшҳои умдае аз ин шаҳрро бо хок яксон кардааст.
