СММ: Ҳамла ба имдодгарон дар Сурия бар кори онҳо таъсири манфӣ нахоҳад гузошт

  • 9 Феврал, 2014
худрави Созмони МилалImage copyright
Image caption Давлати Сурия шӯришиёнро ба нақзи оташбас ва ҳамла ба имдодгарон муттаҳам кардааст

Волерӣ Аймос, масъули кумакҳои башардӯстона дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гуфтааст, ки тирандозии дирӯз ба корвони кумакҳои имдодии Созмони Милал ба шаҳри Ҳумс, бар кори кумакрасонии Созмони Милал ва дигар созмонҳои имдодӣ таъсири манфӣ нахоҳад гузошт.

Ӯ бо ибрози нороҳатӣ аз нақзи оташбаси серӯза, ки барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ҳумс эълом шуда буд, гуфт, ки ҳаводиси дирӯз нишонгари хатароте ҳастанд, ки имдодрасонон ва шаҳрвандони одӣ дар Сурия ҳар рӯз бо он рӯбарӯ ҳастанд.

Дирӯз дувумин рӯзи оташбас буд ва корвони имдодии Созмони Милал пас аз тахлияи кумакҳои башардӯстона дар минтақаи таҳти кунтрули шӯришиёни Сурия ва ба ҳангоми хуруҷ аз Ҳумс мавриди тирандозӣ қарор гирифт.

Давлати Сурия шӯришиёнро ба нақзи ин оташбас муттаҳам кардааст.

Ҳилоли аҳмари Сурия гуфтааст, ки яке аз ронандагон дар асари ҳамлаи дирӯз маҷруҳ шуд ва ҳафт нафар аз коркунони он созмон ба ҳамроҳи ҳафт нафар аз коркунони Созмони Милал барои чандин соъат дар Ҳумс гирифтор буданд.

Ду комиюни ҳомили кумакҳои башардӯстона, ки ба Ҳилоли аҳмари Сурия таъаллуқ доштанд, дар ин ҳамла тахриб шуданд.

Ҳилоли аҳмар ва Созмони Милали Муттаҳид барои се ҳазор нафар шаҳрванди ғайринизомӣ, ки дар манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён гирифтор ҳастанд, маводи ғизоӣ, об ва дору тавзеъ карданд.

Оташбаси серӯза барои имдодрасонӣ ва тахлияи ғайринизомиён аз бахши қадимии шаҳри Ҳумс аз рӯзи ҷумъа, 7 феврал барқарор шуд.

Дар ин муддат беш аз ҳаштод кӯдак, зан ва афроди солхӯрда аз манотиқи таҳти кунтрули шӯришиёни шаҳри Ҳумс тахлия шудаанд, аммо бисёре дигар аз шаҳрвандон, ки хостори хуруҷ аз минтақаи таҳти кунтрули шӯришиён ҳастанд, муваффақ ба тарки Ҳумс нашудаанд.

Даври ҷадиди музокироти давлати Сурия бо намояндагони гурӯҳе аз шӯришиён қарор аст фардо (душанбе) дар Женев оғоз шавад.

Матолиби муртабит