Созмони Милал: Шӯришиёни Сурия даст ба эъдомҳои дастҷамъӣ задаанд
Image copyrightBBC World ServiceБозрасони ҳуқуқи башари Созмони Милал мегӯянд, ки гурӯҳҳои шӯришӣ дар Сурия бо нақзи ҳуқуқи башар ба эъдомҳои дастҷамъӣ дар ин кишвар даст задаанд.
Кумитаи таҳқиқи Созмони Милал мегӯяд аснод ва мадорикер ҷамъоварӣ карда, ки мутобиқи он гурӯҳҳои шӯришӣ даст ба чунин иқдомоте задаанд. Онҳо ба унвони намуна ба иқдомоти шӯришиён дар як бемористони кӯдакон дар ҳумаи Ҳалаб дар моҳи январи имсол ишора кардаанд.
Дар гузориши ин кумита омада, ки аъзои ин гурӯҳ як бемористони кӯдаконро дар моҳи январ дар Ҳалаб ишғол ва аз он ба унвони боздоштгоҳ истифода карданд. Бархе аз афроди таҳти боздошт сипас ба беруни бемористон ҳидоят ва кушта шуданд.
Ин кумиссиюн ҳамчунин дар гузориши худ гуфта, ки нерӯҳои давлатӣ истифода аз бумбҳои бушкаиро афзоиш додаанд.
Бозрасони Созмони милал дар гузориши худ гуфтаанд, ки ҳамалоти ҳавоӣ бо бумбҳои бушкаии нерӯҳои давлатӣ алайҳи аҳдофи низомӣ сурат намегирад ва ин бумбҳо, ки аз ҳавопаймо партоб мешаванд, барои иръоби ғайринизомиён аст.
Қарор аст буҳрони Сурия дар Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женев мавриди баррасӣ қарор гирад ва ин аснод ва мадорик низ дар ин нишаст ироа хоҳад шуд.
Кумитаи мустақили байналмилалии таҳқиқ дар бораи буҳрони Сурия дар гузориши худ гуфта, ки дар мавриди иддаъои вуҷуди гӯрҳои дастҷамъӣ дар шимоли Сурия таҳқиқ кардааст.
Ин гузориш хотирнишон карда, ки гурӯҳи Ҳукумати исломии Ироқ ва Шом, ки бо Алқоъида муртабит аст, даст ба эъдоми дастҷамъии афроди таҳти боздошти худ задааст.
Бозрасони Созмони Милал дар гузориши худ гуфтаанд, ки ҷилавгирӣ аз дастрасии мардум ба об, ғизо, барқ ва кумакҳои пизишкӣ аз суи ҳамаи гурӯҳҳо ба амре одӣ табдил шуда ва мардум дар шаҳрҳои муҳосирашуда ва дар боздоштгоҳҳо аз гуруснагӣ дар ҳоли марг ҳастанд.
Кумитаи таҳқиқ афродеро, ки занни он меравад дар ҷароими ҷангӣ даст доштаанд, шиносоӣ карда ва номи онҳоро ба феҳристи мавҷуд афзудааст.
Феҳристи афроди мазнун шомили руасои чандин Созмони иттилоъотии Сурия масъулони боздоштгоҳҳо, фармондеҳони низомӣ, ки ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳанд, масъулони фурӯдгоҳҳо, ки ҳавопаймоҳои ҳомили бумбҳои бушкаӣ аз онҳо парвоз мекунанд, раҳбарони гурӯҳҳои шибҳинизомии давлатӣ ва раҳбарони гурӯҳҳои шӯришӣ аст.
