Артиши Сурия шаҳри Ябрудро ба кунтрули худ даровард

  • 16 Март, 2014
даргириҳо дар Ҳалаб

Гузоришҳо аз Сурия ҳокӣ аст, ки артиши ин кишвар дар остонаи ба даст гирифтани кунтрули комили шаҳри Ябруд, охирин сангари шӯришиҳо дар наздикии марзи Лубнон аст.

Телевизиюни давлатии Сурия гуфтааст, ки артиш дар ҳоли ғайрифаъъол кардани талошҳои инфиҷоре аст, ки нерӯҳои шӯришӣ дар ин шаҳр ҷосозӣ кардаанд.

Бар асоси гузоришҳо даргириҳои сангине дар рӯзи шанбе рух додааст.

Гузоришҳо мегӯянд, ки суқути Ябруд метавонад зарбаи бузурге ба шӯришиён бизанад.

Дар остонаи чаҳорумин солгарди ҷанги Сурия беш аз 2,5 миллиюн нафар аз шаҳрвандони сурӣ ба кишварҳои дигар фирор кардаанд ва номашон ба унвони паноҳҷӯ тавассути созмони Милали Муттаҳид сабт шудааст. Як миллиюн нафари дигар ки аксаран аз табақаи мутавассит ва таҳсилкардаи Сурия ҳастанд, ҳам кишварашонро тарк кардаанд, аммо номашонро ба унвони паноҳҷӯ ба сабт расондаанд.

Беш аз 4,5 миллиюн нафари дигар ҳам дар дохили кишвар тағйири макон додаанд ва интизор меравад, ки то соли 2014 се чаҳоруми ҷамъияти Сурия ба кумакҳои инсонӣ эҳтиёҷ пайдо кунад.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 ҳазор нафар дар манотиқе, ки таҳти муҳосираи нерӯҳои давлатӣ аст, барои зинда мондан талош мекунанд.

Ба назар мерасад, ки давлати Сурия сиёсати "таслим ё гуруснагӣ"-ро дар пеш гирифта, ки натиҷабахш будааст.

Дар шаҳри қадимии Ҳумс ва нуқоте аз шаҳри Димишқ мисли урдугоҳи оворагони фаластинӣ Ярмук моҳҳост, ки мардум бо гуруснагӣ ва қаҳтӣ даст ба гиребонанд ва касе дар ин шароит ба озодӣ фикр намекунад, балки ба ғизо фикр мекунад.

Дар соири нуқоти Сурия, ки шӯришиён ҳузур доранд ё дар манотиқе, ки дар даврае алайҳи ҳукумати Башор Асад шӯриш карда буданд, ҷангандаҳои давлатӣ мураттабан маводи инфиҷорӣ мерезанд ва шаҳрро ҳадафи ҳамалоти рокетӣ қарор медиҳанд.

Матолиби муртабит