Артиши Сурия "даҳҳо тан аз шӯришиёни мусаллаҳро кушт"

  • 26 Феврал, 2014
шӯришиёни СурияImage copyrightAFP
Image caption Расонаҳои давлатӣ аз кушта шудани даҳҳо тан аз нафароти Ҷабҳаи нусрат хабар додаанд

Ба гуфтаи расонаҳои давлатии Сурия артиши ин кишвар яксаду ҳафтоду панҷ тан аз шӯришиёни исломгарои мухолифи давлатро дар як даргирӣ дар ҳумаи шарқии Димишқ, пойтахт куштааст.

Гурӯҳи мавсум ба Нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки маркази он дар Ландан воқеъ аст, гуфтааст, ки гузоришҳои дарёфткарда ҳокӣ аз ин аст, ки дар ҷараёни даргирии байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар минтақаи Ғутаи шарқӣ, дар наздикии Димишқ дастикам ҳафтод нафар кушта шудаанд.

Ин минтақа аз ҷумлаи марокизи таҷаммуъи нерӯҳои мухолифи давлати Сурия маҳсуб мешавад ва маҳалле аст, ки ба гуфтаи мухолифон соли гузашта ҳадафи ҳамлаи шимиёии нерӯҳои давлатӣ қарор гирифт.

Телевизиюни давлатии Сурия дар гузорише дар мавриди даргирӣ дар ин минтақа гуфтааст, ки "нерӯҳои шуҷоъи мо дар як ҳамлаи таҳоҷумии барномарезишуда тавонистанд даҳҳо тан аз терруристҳои Ҷабҳаи нусрат аз ҷумла теъдоде аз нафароти ғайрисурии вобаста ба ононро дар минтақаи Ғутаи шарқӣ аз пой дароварданд."

Ҷабҳаи нусрат, як гурӯҳи исломгарои мусаллаҳ аст, ки бо шабакаи Алқоъида иртибот дорад ва бо густариши ҷанги дохилии Сурия вориди ҷанг алайҳи нерӯҳои давлатӣ шудааст.

Хабаргузории давлатии Сурия дар гузориши худ дар ин замина гуфтааст, ки бисёре аз афроди мусаллаҳе, ки дар ин набард кушта шуданд, чеченӣ ё аз шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ ва Қатар буданд.

Гурӯҳи Нозирони ҳуқуқи башари Сурия низ дар мавриди даргирӣ дар ин минтақа гуфтааст, ки даҳҳо тан аз исломгарои мусаллаҳ дар наздикии яке аз рустоҳои ин минтақа ҳадафи ҳамлаи ногаҳонии нерӯҳои давлатӣ ва нафароти мусаллаҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор гирифтанд ва кушта шуданд.

Ҷанги дохилии Сурия бо баргузории тазоҳуроти эътирозӣ дар моҳи марти соли 2011 оғоз шуд, ки даргирии мусаллаҳонаи байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳро дар пай овард.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия то кунун беш аз яксаду чиҳил ҳазор нафар кушта шудаанд, ки аксари ононро ғайринизомиёни сурӣ ташкил медиҳанд. Ин ҷанг боъиси оворагии чандсад ҳазор тан аз шаҳрвандони сурӣ дар дохил ва хориҷ аз он кишвар ҳам шуда ва вайронии густардае бар ҷой гузоштааст.

Матолиби муртабит