Гуруснагӣ, "силоҳи ҷанг дар дасти нерӯҳои Асад"

  • 10 Март, 2014
Image copyrightAP
Image caption Ҷамъияти анбӯҳе аз мардум дар урудугоҳи Ёрмук, ки барои дарёфти кумак саф кашидаанд

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд нерӯҳои давлати Башор Асад дар Сурия аз тарфанди гуруснагӣ додани ғайринизомиён ба унвони аслиҳае ҷангӣ алайҳи мардум истифода мекунанд.

Ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд дастикам 128 овора дар урдугоҳи Ёрмук дар Димишқ аз гуруснагӣ ҷон додаанд.

Ба гуфтаи ин созмон ҳазорон нафар ҳанӯз гирифторанд ва бо буҳрони инсонии фоҷиъаборе рӯбарӯ ҳастанд.

Афви Байналмилал мегӯяд хонаводаҳо маҷбур шудаанд ба дунболи ғизо дар хиёбонҳо овора шаванд ва худро дар маърази гулӯлаи тактирандозҳо қарор диҳанд.

Авоили ҳафта гузоришҳое аз даргириҳое тоза дар ҳошияи урдугоҳи Ёрмук мунташир шуда буд.

Урдугоҳи Ёрмук, ки гуфта мешавад ҳудуди 17 ҳазор то 20 ҳазор овораи фаластинӣ ва сурист ва шоҳиди бадтарин даргириҳо дар пойтахт будааст.

Ёрмук ҳудуди як сол аст, ки барқ надорад ва ағлаби бемористонҳо баъд аз таҳ кашидани содатарин ақломи пизишкӣ таътил шудаанд.

Филип Лутер, мудири Ховари Миёнаи Созмони Афви Байналмилал мегӯяд нерӯҳои Башор Асад бо гуруснагӣ додани ғайринизомиён ба унвони аслиҳаи ҷангӣ муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, "ривоятҳои ваҳшатноки хонаводаҳое, ки ба хӯрдани сагу гурба рӯй овардаанд, ғайринизомиёне, ки ҳадафи гулӯлаи тактирандозҳо қарор гирифтаанд, дар ҳоле ки ба дунболи ғизо мегаштанд, ҳоло ба достони такрории Ёрмук табдил шудааст."

Сӯитағзия

Оқои Лутер муҳосираи Ёрмукро "муҷозоти ҷамъии" ғайринизомиён хонд ва аз давлати Сурия хост ба созмонҳои имдод иҷоза диҳад ба ин урдугоҳ дастрасӣ пайдо кунанд.

Сокинони Ёрмук ба Созмони Афви Байналмилал гуфтаанд моҳҳост меваву сабзиҷот нахӯрдаанд ва гуфта мешавад дастикам 60% аз мардум дучори сӯитағзия шудаанд.

Ин урдугоҳ ибтидо ба унвони иқоматгоҳе барои фаластиниёне сохта шуд, ки аз ҷанги соли 1948-и аъробу Исроил фирор карда буданд, аммо аз авохири соли 2012 замоне ки гурӯҳҳои мухолифи давлати Асад вориди он шуданд, ҳадафи ҳамалоти сангин қарор гирифт.

Аксари 180 ҳазор фаластиние, ки дар Ёрмук зиндагӣ мекарданд, аз ин урдугоҳ дар Сурия фирор кардаанд, аммо аз тобистони соли гузашта, замоне ки нерӯҳои Башор Асад ин урдугоҳро муҳосира карданд, 20 ҳазор нафар дар он гирифтор шудаанд.

Моҳи гузашта Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномае содир кард ва дар он аз тамоми тарафҳои даргир дар Сурия хост, ки ҳасрро бишкананд, аммо аз он замон ҳеҷ пешрафт ё тағйире дар вазъияти ғайринизомиён дар Ёрмук ҳосил нашудааст.

Созмони Милали Муттаҳид тавонист мақодире ақломи кумакӣ ба урдугоҳ бирасонад, аммо ҳамин имдод ҳам замоне ки оташбаси миёни мухолифон ва фаластиниёни ҳомии давлат дар урдугоҳ шикаста шуд, мутаваққиф гашт.

Матолиби муртабит