Артиши Сурия "Дижи шаҳсаворон"-ро дар Ҳумс аз шӯришиён пас гирифт
Image copyrightAFPНерӯҳои артиши Сурия муваффақ шудаанд "Дижи шаҳсаворон"-ро дар устони Ҳумси Сурия пас аз даргириҳои шадид бо шӯришиён таҳти кунтрули худ дароваранд.
"Дижи шаҳсаворон" яке аз маъруфтарин осори бостонии Сурия ва баҷоймонда аз даврони салибиюн аст, ки дар соли 2012 ба дасти шӯришиёни Сурия афтод.
Нерӯҳои давлатии Сурия парчами ин кишварро дар болои ин диж ба эҳтизоз даровардаанд.
Як фармондеҳи маҳаллии артиш гуфт, ки шӯришиён аз ин маҳал, ки ба унвони мероси башарӣ тавассути Юнеску сабт шуда, ба унвони пойгоҳе барои ҳамалот ва маҳалли захираи таслиҳоти фиристодашуда аз Лубнон истифода мекарданд.
Ӯ гуфт, ки сарбозони артиши Сурия ба дунболи шӯришиёне ҳастанд, ки аз маҳал гурехтанд ва равонаи марзи Лубнон шуданд.
Вуруди кумакҳои Созмони Милал аз Туркия
Дар ҳамин ҳол эълом шуда, ки барои аввалин бор аз замони шуруъи нооромиҳои Сурия корвони ҳомили кумакҳои Созмони Милал аз Туркия вориди Сурия шудааст.
Ҳаштод комюни ҳомили маводи ғизоӣ, дору ва сойири кумакҳо ба шаҳри Қомишлӣ дар шимоли шарқии Сурия фиристода шудааст.
Ин минтақа умдатан таҳти кунтрули нерӯҳои курд аст.
Созмони Милал умедвор аст, ки тавзеъи ин кумакҳо роҳро барои имдодрасонӣ ба сойири нуқоти Сурия ҳамвор кунад.
Садҳо ҳазор нафар аз мардуми Сурия, ки тайи ин се сол овора шудаанд, шадидан ба ин кумакҳо ниёз доранд.
