Нахуствазири ҷадиди Миср мансуб шуд

  • 26 Феврал, 2014

Нахуствазири ҷадиди Миср мансуб шудааст.

Дар пайи истеъфои кобинеи Миср, Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳурии давлати интиқолии ин кишвар дар рӯзи шанбеи 25 феврал, Иброҳим Маҳлаб, вазири маскан дар давлати мустаъфиро масъули ташкили кобинеи ҷадид кард.

Рӯзи гузашта Ҳозим Библовӣ, нахуствазири собиқи Миср, дар як суханронии телевизиюнӣ тасмим ба истеъфои ҳайъати давлатро эълом кард, аммо дар мавриди ин тасмим тавзеҳе надод.

Оқои Библовӣ пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгаро, дар моҳи июли соли гузашта ба мақоми нахуствазирӣ расид ва бархе расонаҳои мисрӣ гуфтаанд, ки далели канорагирии вай аз мақоми нахуствазирӣ, нотавонии давлат дар ҳалли мушкилоти иқтисодии мардум будааст.

Яке аз далоиле, ки мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар ҳимоят аз барканории ӯ матраҳ мекарданд, бекифоятӣ дар идораи умури иқтисодӣ буд.

Қонуни асосии ҷадиди Миср дар моҳи январ дар як ҳамапурсӣ тасвиб шуд ва қарор аст интихоботи раёсати ҷумҳурӣ то чанд ҳафтаи дигар дар ин кишвар баргузор шавад.

Эҳтимол меравад Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср ва муъовини нахуствазири дифоъ дар кобинеи мустаъфии ин кишвар аз ҷумлаи номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ бошад.