Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср то ду моҳи дигар

  • 31 Март, 2014
пустарҳо дар дасти тарафдорони Абдулфаттоҳ АлсисӣImage copyrightd

Масъулони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср эълом карданд, ки нахустин даври ин интихобот дар рӯзҳои 26 ва 27 моҳи май ( 5 ва 6 хурдод) баргузор хоҳад шуд.

Ин мавзуъ чанд рӯз пас аз он эълом мешавад, ки Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср ва муъовини нахуствазир ва вазири дифоъ аз мақоми худ истеъфо дод ва номзадиаш барои интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кард.

Телевизиюни расмии ин кишвар эълом кард, ки таъйиди салоҳияти номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ аз имрӯз, душанбеи 31 март то 20 апрел ба тӯл хоҳад анҷомид.

Абдулфаттоҳ Алсисӣ пас аз тазоҳуроти саросарӣ дар моҳи июл алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқ раҳбарии мухолифонро ба ӯҳда гирифт ва оқои Мурсиро барканор кард.

Ба гуфтаи хабарнигорон оқои Сисӣ ба далели маҳбубият ва ҳамчунин дар набуди руқабое ҷиддӣ аз шонси зиёде дар ин интихобот бархурдор аст.

Дар суратк ки ӯ беш аз 50 дарсади ороро касб накунад, дувумин даври интихобот дар рӯзҳои 16-17 июн баргузор хоҳад шуд.

Расонаҳои давлатии Миср эълом кардаанд, ки мисриҳои муқими хориҷ аз кишвар байни рӯзҳои 15 то 19 май метавонанд раъй бидиҳанд.

Номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, Ҳамдин Сабоҳӣ, раҳбари ҳизби чапгарои Каромат ва аз намояндагони собиқи порлумони Миср аст, ки дар интихоботи 2012 бо ҳудуди 21 дарсади оро дар радаи сеюм қарор гирифт ва аз роҳёбӣ ба марҳалаи дувум бозмонд.

Созмони мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд мақомоти низомии Миср нисбат ба расонаҳои мустақил ва мухолифони худ рафторе хасмона нишон медиҳанд.

Аз замони барканории оқои Мурсӣ беш аз 1000 нафар аз ҳомиёни вай кушта шудаанд ва ҳазорон тан аз аъзои Ихвонулмуслимин тавассути давлати интиқолӣ, ки аз суи артиши кишвар пуштибонӣ мешавад, боздошт шудаанд.

Давлати интиқолии Миср Ихвонуалмуслиминро дар зумраи гурӯҳҳои терруристӣ қарор додааст .

Матолиби муртабит