Додгоҳе дар Миср 529 ҳаводори Муҳаммад Мурсиро ба эъдом маҳкум кард

  • 24 Март, 2014

Додгоҳе дар Миср барои 529 тан аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишвар, ба иттиҳомоте, аз ҷумла қатли як маъмур ва ҳамла ба нерӯҳои пулис, ҳукми эъдом содир кардааст.

Маҳкумшудагон аъзои ҳизби мамнӯъ эъломшудаи Ихвонулмуслимин ҳастанд.

Ин идда бахше аз гурӯҳи 1200-нафараи ҳаводорони оқои Мурсӣ ҳастанд, ки муҳокимаи онҳо дар Миср ҷараён дорад.

Пеш аз барканории оқои Мурсӣ дар моҳи июл, мақомоти давлатӣ бо ҳаводорони Ихвонулмуслимин башиддат бархӯрд кардаанд.

Ҳазорон нафар аз аъзои ин гурӯҳ боздошт ва садҳо тан аз онҳо дар ҷараёни даргирӣ бо маъмурони амниятӣ ва пулис кушта шудаанд.

Муҳокимаи ин 529 нафар дар додгоҳе дар шаҳри Мино дар ҷануби Қоҳира анҷом шуд.

Ба гузориши Оссушиэйтед пресс, аҳкоми эъдом пас аз танҳо ду ҷаласаи додгоҳ содир шуд ва вукалои муттаҳамон муътаризанд, ки фурсати ироаи дифоъиёт ба онҳо дода нашудаст.

Ҳамла, ки ин гурӯҳ ба даст доштан дар он муттаҳам буданд, дар моҳи август ва дар ҷануби Миср ҳангоме ба вуқӯъ пайваст, ки маъмурони амниятӣ бо таҷаммуъи ду даста аз ҳаводорони муътаризи оқои Мурсӣ бархӯрд карданд.

Муътаризон хоҳони бозгашти оқои Мурсӣ ба қудрат буданд.

Матолиби муртабит