Азсаргирии муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира
Image copyrightReutersМуҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср, аз зиндони Искандария бо ҳеликуптер ба Қоҳира оварда шуда, то барои азсаргирии муҳокимааш дар додгоҳ ҳозир шавад.
Оқои Мурсӣ ва чаҳордаҳ тан аз ёронаш аз ҳизби Ихвонулмуслимини Миср муттаҳаманд, ки боъиси кушта шудани афроде шудаанд, ки дар соли 2012 беруни кохи риёсати ҷумҳурӣ даст ба эътироз зада буданд.
Ин яке аз мавориди иттиҳоми Муҳаммад Мурсӣ аст ва додгоҳи рӯзи шанбе дар ҳамин иртибот будааст.
Ҷойгоҳи муттаҳамон дар дохили қафасҳои шишаии дорои оиқи (боздорандаи) садост. Оқои Мурсӣ ва 14 муттаҳами дигар дар қафасҳо истоданд ва пушташонро ба қуззоти додгоҳ карданд.
Дар беруни додгоҳ муътаризон ба мошини вакили оқои Мурсӣ ҳамла карданд ва саъй карданд монеъ аз вуруди вай ба додгоҳ шаванд.
Ҷаласаи баъдии ин додгоҳ рӯзи сешанбе аст.
Оқои Мурсӣ чаҳор рӯз пеш дар додгоҳи дигар фарёд зад, ки хамчунон раиси конунии Миср аст.
Муҳаммад Мурсӣ дар июли гузашта дар пайи баргузории таҷаммуъҳои бузурги эътирозӣ алайҳи вай бо кудетои артиш барканор шуд.
Рӯзи ҷумъа пулиси зиддишӯриш дар шаҳрҳои Қоҳира, Искандария ва Файюм ба сӯи садҳо тан аз тарафдорони оқои Мурсӣ гулӯлаи гози ашковар шиллик кард.
Муҳаммад Мурсӣ қарор аст ба иттиҳомоти мухталиф, дар чаҳор мавриди ҷудогона муҳокима шавад.
Ин иттиҳомот иборатанд аз:
- Таҳрики ҳаводоронаш ба иртикоби хушунат ва қатл дар декабри соли 2012, замоне ки саъй доштанд эътирозоти мухолифонро барҳам бизананд.
- Табонӣ (ҳамдастӣ) бо созмонҳои хориҷӣ барои анҷоми аъмоли теруристӣ. Вай муттаҳам аст, ки бо гурӯҳи пайкорҷӯи фаластинии Ҳамос ва гурӯҳи лубнонии Ҳизбуллоҳ як иттиҳод ташкил дода буд.
- Қатли нигаҳбонони зиндон дар соли 2011 дар ҷараёни қиём алайҳи Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии вақти Миср.
- Иҳонат ба мақомоти қазоии Миср.
Ҳаводорони исломгарои оқои Мурсӣ мегӯянд иттиҳомоте, ки алайҳи вай матраҳ шуда, ангезаи сиёсӣ дорад, аммо мақомҳои Миср мегӯянд муҳокимаҳои вай озоду одилона аст.
