Пулиси Миср як гурӯҳи хабарии шабакаи Алҷазираро дар Қоҳира боздошт кард

  • 30 Декабр, 2013
намояи шабакаи "Алҷазира"
Image caption Хабарнигорони боздоштшуда ба "садама задан ба амнияти миллии" Миср муттаҳам шудаанд

Пулис як гурӯҳи рӯзноманигори шабакаи хабарии Алҷазираро дар Қоҳира, пойтахти Миср боздошт кардааст.

Раиси дафтари ин шабакаи хабарӣ дар Қоҳира дар байни афроди боздоштшуда аст.

Вазорати кишвари Миср мегӯяд, ки рӯзноманигорони боздоштшуда бо аъзои гурӯҳи Ихвонулмуслимин мулоқотҳои ғайриқонунӣ доштаанд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Миср Ихвонулмуслиминро як гурӯҳи терруристӣ эълом карданд.

Хабарнигорони боздоштшуда, ки барои бахши инглисии шабакаи хабарии Алҷазира кор мекарданд, авохири соъоти корӣ, рӯзи якшанбе (29 декабр) боздошт шудаанд.

Вазорати кишвари Миср бо судури баёнияе гуфтааст, ки дурбинҳо ва дигар таҷҳизоти ин афрод аз чанд утоқи ҳутеле дар Қоҳира забт шудааст.

Дар ин баёния хабарнигорони боздоштшуда ба "садама задан ба амнияти миллии" Миср муттаҳам шудаанд.

Ба гуфтаи нозирон фазои расонаӣ дар Миср пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии собиқ муташанниҷ аст.

Аз моҳи июл, ки артиши Миср оқои Мурсиро аз кор барканор кард, гурӯҳи Ихвонулмуслимин таҳти фишор будааст ва дар моҳҳои гузашта раҳбарони аршад ва бисёре аз аъзои он боздошт шудаанд.

Ҳамчунин бар асоси гузоришҳо аз он замон то кунун ҳаддиақал 1000 нафар дар ҷараёни даргириҳои байни тарафдорони Ихвонулмуслимин ва нерӯҳои амниятии Миср кушта шудаанд.

Қарор аст додгоҳе дар 15 феврали 2014 парвандаи шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин, мавсум ба "Ҳизби Адолат ва Озодӣ"-ро баррасӣ кунад.

Мақомоти шабакаи Алҷазира хоҳони озодии сареъи хабарнигорони худ шудаанд.

Матолиби муртабит