Донишҷӯёни Алазҳар ду сохтмони донишгоҳро оташ заданд

  • 28 Декабр, 2013

Телевизиюни давлатии Миср гузориш дода, ки ҳаводорони гурӯҳи Ихвонулмуслимин ду сохтмонро дар донишгоҳи Алазҳари Қоҳира оташ задаанд.

Донишҷӯён дар муҳавватаи донишгоҳ бо пулис даргир шуданд.

Гуфта мешавад авзоъи донишгоҳ акнун таҳти кунтрул аст ва ҳудуди 60 нафар ҳам дастгир шудаанд.

Рӯзи ҷумъа низ дар асари даргирии пулис бо ҳаводорони Ихвонулмуслимин дар Қоҳира, Минёи ҷанубӣ ва Делтои Нил се нафар кушта шуданд.

Аз моҳи июли гузашта, ки Муҳаммад Мурсӣ дар кудетои артиш аз раёсати ҷумҳурии Миср канор гузошта шуд, Ихвонулмуслимин таҳти саркӯб будааст.

Фаъъолияти ин гурӯҳ аз моҳи сентябри гузашта дар Миср мамнӯъ аст ва давлати муваққати таҳти ҳимояти артиш дар Миср рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр (4 даймоҳ) Ихвонулмуслиминро як "гурӯҳи теруристӣ" эълом кард.

Давлати Миср ин гурӯҳро омили як бумбгузории интиҳорӣ дар мақарри пулис дар Делтои Нил хондааст.

Аммо Ихвонулмуслимин ин иттиҳомро қавиян рад кардааст.

Тайи чанд моҳи ахир ҳазорон тан аз аъзои Ихвонулмуслимин, аз ҷумла сарони он, дастгир ва бисёре аз онҳо муҳокима шудаанд.

Матолиби муртабит