Нахуствазири давлати Муҳаммад Мурсӣ дар Миср боздошт шуд

  • 25 Декабр, 2013
Ҳишом Қандил
Image caption Ин таҳсилкардаи Омрико ҷавонтарин нахуствазири Миср дар 60 соли гузашта будааст

Пулиси Миср мегӯяд нахуствазири собиқи Миср дар замони давлати Муҳаммад Мурсиро "ҳангоми талош барои фирор ба Судон" дастгир кардааст.

Вазорати кишвари Миср эълом карда, ки Ҳишом Қандил дар манотиқи кӯҳистонии байни марз бо Судон ва ҳамроҳ бо қочоқбарҳои марзӣ дастгир шудааст.

Оқои Қандил ҳангоме ки нахуствазир буд, дар додгоҳ ба як соли ҳабс маҳкум шуд.

Иллати маҳкумияти ӯ сар боз задан аз иҷрои ҳукми додгоҳ барои миллӣ кардани як ширкати нассоҷӣ буд, ки дар соли 1996 ба бахши хусусӣ вогузор шуда буд.

Бо эътирози Ҳишом Қандил он ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар рафт ва ду моҳ баъд аз барканории низомии Муҳаммад Мурсӣ дар он додгоҳ ҳам таъйид шуд.

Оқои Қандил дар ҷараёни дидор бо миёнҷигарони Иттиҳодияи Урупо намояндаи эътилофи гурӯҳҳои исломгарои ҳомии Муҳаммад Мурсӣ буд.

Ин миёнҷигарон дар моҳҳои гузашта талош кардаанд давлати муваққати пуштгарм ба артишро ташвиқ кунанд, ки қудратро ба як давлати фарогир вогузор кунад, ки шомили Ихвонулмуслимин низ бишавад.

Нахуствазири собиқ пас аз он ки давлати Миср ба саркӯби шадиди Ихвонулмуслимин дар моҳи августи гузашта рӯ овард, тақрибан пинҳон будааст.

Дар ҷараёни ин саркӯбҳо садҳо нафар кушта ва ҳазорон нафар ҳам боздошт шудаанд.

Оқои Қандил, ки дар августи 2012 нахуствазир шуд, ҷавонтарин нахуствазири Миср дар 60 соли гузашта будааст.

Ин таҳсилкардаи Омрико узви Ихвонулмуслимин ё ҳеч созмони исломгарои дигаре нест, вале гуфта шуда, ки фарде мазҳабӣ аст.

Матолиби муртабит