Писарони Муборак аз иттиҳоми ихтилос табраа шуданд

Додгоҳе дар Миср Аҳмад Шафиқ, нахуствазири собиқ ва ду фарзанди Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро аз иттиҳоми ихтилос табраъа кард.
Оқои Шафиқ аз замони пирӯзии Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури азл шудаи Миср дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар мутаворӣ шуда ва дар Дубай муқим аст.
Аммо Ҷамол ва Ало Муборак аз замоне ки падарашон аз ҳукумат барканор шуд, ба карот дар ҷаласоти муҳокима ҳузур ёфтанд.
Даҳ нафари дигар низ имрӯз, панҷшанбеи 19 декабр бар асоси ҳукми додгоҳ дар иртибот бо иттиҳомоте мушобеҳ табраъа шуданд.
Оқои Шафиқ муттаҳам шуда буд, ки ба писарони Муборак, ки дар фаъолиятҳои тиҷории кишвар даст доштанд, кумак кардааст, то бо истифода аз дороиҳои давлат ҳазорон метри мураббаъ аз заминҳои мутааллиқ ба анҷумани халабонони Мисрро бо қиматҳои арзон аз бозор харидорӣ кунанд.
Бар асоси гузориши рӯзномаи Алаҳром додгоҳ қарор аст то соъоте дигар раъйи худро дар хусуси дувумин парвандаи иттиҳоми фасод алайҳи нахуствазири пешин эълом кунад.
Ҳуснӣ Муборак дар моҳи август аз боздошт озод шуд ва акнун дар ҳасри хонагӣ ба сар мебарад.
Ӯ як бор барои судури фармони куштори муътаризон дар 2011 маҳкум шуд, аммо додгоҳи таҷдиди назар ҳукми ӯро дар январи 2013 лағв кард.
Аммо базӯдӣ қарор аст муҷаддадан додгоҳе барои расидагӣ ба ин иттиҳом баргузор шавад.
Раиси ҷумҳурии собиқи Миср дар иртибот бо 3 парвандаи фасод низ муттаҳам аст.
