Тобеъияти мисрӣ барои Шаҳноз Паҳлавӣ, нахустин фарзанди шоҳи собиқи Эрон

  • 11 Декабр, 2013
Image caption Шаҳноз Паҳлавӣ дар ҷавонӣ рӯйи ҷилди яке аз маҷаллоти Туркия; Ӯ акнун 73 сол дорад

Давлати Миср ба Шаҳноз Паҳлавӣ, нахустин фарзанди Муҳаммадризо Паҳлавӣ ва танҳо фарзанди ӯ аз Фавзия Фуод, тобеъияти мисрӣ додааст.

Муҳаммад Иброҳим, вазири кишвар, дар як фармони давлатӣ ба ин шоҳзодаи эронӣ тобеъияти мисрӣ додааст.

Шаҳнози Паҳлавӣ нахустин фарзанди охирин шоҳи Эрон аст.

Ӯ 27 октябри 1940 дар Теҳрон ба дунё омад.

Шаҳзод танҳо фарзанди Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ аз Фавзия аст. Фавзия, мисрӣ ва хоҳари Малик Форуқ буд.

Шоҳзода Фавзия, нахустин ҳамсари Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ, дар авохири соли 1317/1938 дар Қоҳира бо Муҳаммадризо Паҳлавӣ, валиъаҳди вақти Эрон, издивоҷ кард. Ӯ шаш сол баъд аз касе ки ҳоло шоҳи Эрон шуда буд, ҷудо шуд.

Фавзия Фуод ҳудуди панҷ моҳ пеш дар сеюми июн дар синни 91-солагӣ дар шаҳри Искандарияи Миср даргузашт.

Шаҳноз Паҳлавӣ пас аз суқути ҳукумати паҳлавӣ ба хориҷ аз Эрон муҳоҷират кард ва дар Суис зиндагӣ мекардааст. Ӯ тобеъияти суисӣ ҳам дорад.

Ин шоҳзодаи эронӣ, ки ҳоло тобеъияти мисрӣ ҳам дорад, дар соли 1336/1957 бо Ардашер Зоҳидӣ издивоҷ кард ва соҳиби духтаре ба номи Маҳноз Зоҳидӣ шуд.

Шаҳноз Паҳлавӣ ҳафт сол баъд, замоне ки оқои Зоҳидӣ сафири Эрон дар Бритониё буд, аз ӯ ҷудо шуд.

Шоҳзода Шаҳноз баъдан бо Хусрав Ҷаҳонбонӣ издивоҷ кард.

Муҳаммадризо Паҳлавӣ пас аз инқилоби Эрон муддатеро дар кишварҳои мухталиф гузаронд, дар ниҳоят дар Миср даргузашт ва дар ҳамин кишвар ба хок супурда шуд.

Равобити Эрон ва Миср пас аз инқилоб қатъ шуд, аммо дар як соли ахир ва пас аз барканории Ҳуснӣ Муборак аз ҳукумат, талошҳое барои аз саргирии муносиботи байни ин ду кишвар сурат гирифтааст.

Image caption Шаҳноз дар канори падараш Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ ва модараш Фавзия