Инфиҷор дар Миср 14 кушта ва беш аз 100 захмӣ бар ҷой гузошт

Инфиҷор дар сохтмоне марбут ба дастгоҳи амниятии Миср дар шимоли ин кишвар ба кушта шудани 14 нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар мунҷар шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи амниятӣ ва расонаҳои давлатии Миср ин инфиҷор дар шаҳри Мансурия аз устони Дақҳалия, дар шимоли Қоҳира бисёр шадид буда ва ба резиши бахше аз сохтмон мунҷар шудааст.
Дар бораи эҳтимоли афзоиши талафоти ин инфиҷор ибрози нигаронӣ шудааст.
Ҳанӯз мушаххас нест далели ин инфиҷор чӣ будааст, танҳо як гузориш омили онро бумбгузорӣ дар як худрав унвон кардааст.
Ҳиҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро напазируфтааст, аммо ба гузориши хабаргузории МЕНО дар Миср Ҳозим Библовӣ, нахуствазири муваққати Миср гурӯҳи Ихвонулмуслиминро "гурӯҳе терруристӣ" хондааст.
Гузоришҳои таъйиднашуда ҳокӣ аз захмӣ шудани раиси иттилоъоти устони Дақҳалия аст.
Ба гуфтаи мақомҳои амниятии Миср инфиҷор соъати 1:10 бомдоди сешанбе ба вақти маҳаллӣ рух дода ва дасти кам 100 нафар бар асари он захмӣ шудаанд.
Бано ба гузоришҳо бар асари ин инфиҷор панҷараи сохтмонҳои атроф фурӯ рехта ва иртиъоши ношӣ аз он то 20 килуметрии маҳалли ҳодиса ҳис шудааст.
Дар пайи барканории Муҳамад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии исломгарои Миср ба дасти артиши кишвар, ҳамалоти гурӯҳҳои мусаллаҳ алайҳи нерӯҳои амниятӣ афзоиш ёфтааст.
Аз тобистон ва замони барканории оқои Мурсӣ, ҳомиёни ӯ бо барпоии тазоҳуроти умумӣ хостори озодии ӯ шудаанд.
Муҳаммад Мурсӣ, аввалин раиси ҷумҳурии Миср буд, ки дар интихоботе демукротик ба қудрат расид.
Беш аз 2000 узви гурӯҳи Ихвонулмуслимин аз он замон дастгир шудаанд ва 450 нафар аз онҳо дар эътироз ба "рафтори ғайриинсонӣ" бо онҳо аз рӯзи душанбе даст ба эътисоби ғизо задаанд.
Муҳаммад Мурсӣ дар ҳоли ҳозир бо се додгоҳи ҷудогона барои баррасии иттиҳомоти марбут ба даврони зимомдории ӯ рӯбарӯ аст.
Аввалин додгоҳи ӯ дар чаҳоруми ноябр баргузор шуд, аммо ба 8 январ мавкул шуд.
