Давлати Миср Ихвонулмуслиминро 'гурӯҳи теруристӣ' эълом кард

Давлати муваққати таҳти ҳимояти артиш дар Миср Ихвонулмуслиминро як гурӯҳи теруристӣ эълом кард.
Давлати Миср эълом кардааст, ки ҳар гуна тазоҳуроти эътирозӣ, ки тавассути ин гурӯҳ созмондеҳӣ шавад, ғайриқонунӣ аст.
Телевизиюни давлатии Миср дар як иттилоъияи фаврӣ ин хабарро эълом кард.
Ин тасмим рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр баъд аз ҷаласаи кобинеи Миср тавассути Ҳусом Муҳаммад Исо, муъовини нахуствазири давлати муваққати Миср эълом шуд.
Ихвонулмуслимин ин иқдоми давлати Мисрро башиддат маҳкум карда ва онро "тасмиме беарзиш" аз сӯйи "давлате ғайриқонунӣ" хондааст.
Дар рӯзҳои гузашта, бавижа баъд аз бумбгузории ахир дар идораи пулиси шаҳри Мансура дар шимоли Миср баъзе аз мақомҳои ин кишвар аз Ихвонулмуслимин ба унвони гурӯҳе теруристӣ ном бурда буданд, аммо акнун бо тасмими давлати Миср ин унвон расмият ёфтааст.
Гурӯҳи Ихвонулмуслимин, ки аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср, башиддат таҳти фишор буда, пеш аз ин ғайриқонунӣ эълом шуда буд.
Дар ҷараёни саркӯби ин гурӯҳ тавассути пулис ва нерӯҳои амниятии Миср ҳазорон нафар аз ҳаводорон ва аъзои он боздошт шуданд.
Муҳаммад Мурсӣ дар ҳоли ҳозир бо се додгоҳи ҷудогона барои баррасии иттиҳомоти марбут ба даврони зимомдорияш рӯбарӯст.
Муъовини нахуствазири Миср гуфтааст, ки бар асоси тасмими ҷадид касоне ки узви Ихвонулмуслимин бошанд, ба он кумаки молӣ кунанд ё ба тарвиҷи ин гурӯҳ кумак кунанд, бо муҷозот рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Ҳаводорони Ихвонулмуслимин аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, номзади ин гурӯҳ дар аввалин интихоботи демукротики Миср баъд аз суқути Ҳуснӣ Муборак борҳо эътирозҳои хиёбонӣ тартиб додаанд.
Давлати муваққати Миср Ихвонулмуслиминро масъули риштаҳамалоти мусаллаҳонаи ахир дар Миср медонад, аммо ин гурӯҳ иттиҳомоти давлатро башиддат рад кардааст.
