"Интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср қабл аз интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад"
Image copyrightAPАдлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср гуфтааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қабл аз интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар баргузор мешавад.
Гуфта шуда эъломи ин хабар гумоназанӣ дар мавриди ҳузури Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артишро ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ афзоиш додааст.
Оқои Мансур дар суханоне, ки аз телевизиюни он кишвар пахш шуд, гуфт: "Ман тасмимро барои ислоҳи нақшаи роҳи ояндаи кишвар гирифтаам ва ба унвони аввалин гоми мо аввал интихоботи раёсати ҷумҳуриро баргузор карда ва пас аз он интихоботи порлумониро баргузор мекунем."
Ба гуфтаи давлати муваққат баргузории ин интихоботҳо метавонад ба бозсозии қавонини демукротик дар кишвар кумак кунад.
Рӯзи гузашта ҳомиёни давлат ва мухолифон гирдиҳамоиҳоро дар сеюмин солгарди инқилобе, ки ба сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқ мунҷар шуд, дар нуқоти мухталифи кишвар баргузор карданд.
Аммо гузоришҳо ҳокист, ки дар ҷараёни даргириҳо, ки байни мухолифони зиддидавлатӣ ва нерӯҳои амниятӣ рух дод, дастикам 49 нафар кушта шуданд.
Исломгароёни мухолифи давлат аз Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ҳимоят мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо Муҳаммад Мурсӣ дар як интихоботи озод ва қонунӣ ба раёсати ҷумҳурӣ расид ва ҳамчунон ӯ раиси ҷумҳури машруъи Миср аст.
Ҳафтаи гузашта беш аз 98 дарсади ширкаткунандагон дар ҳамапурсӣ ба қонуни асосии ҷадиди ин кишвар раъйи мувофиқ доданд.
Қарор аст ин қонуни асосӣ ҷойгузини қонуне шавад, ки Муҳаммад Мурсӣ пеш аз барканорӣ аз раёсати ҷумҳурӣ ироа карда буд.
