Маркази ниҳодҳои амниятии Миср ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт

  • 24 Январ, 2014

Маҳалли истиқрори ниҳодҳои амниятии Миср дар Қоҳира ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифтааст.

Субҳи рӯзи ҷумъаи 4 баҳман (24 январ) ронандаи як худрав пас аз порк кардани он дар маҳалли поркинги сохтмони идораи амниятии Қоҳира бумберо, ки ҳамроҳи худ дошт, мунфаҷир кард, ки дар натиҷаи он дастикам чаҳор нафар кушта шуданд.

Маркази нерӯҳои пулис ва дафтари созмони амнияти давлатии Миср дар ин сохтмон воқеъ шудаанд. Пас аз вуқӯъи инфиҷор дуди ғализе, ки аз ин маҳал бархоста буд, аз нуқоти дигари пойтахт дида мешуд.

Манобеъи амниятӣ гуфтаанд, ки се тан аз кушташудагон аз нерӯҳои пулис будаанд. Телевизиюни давлатӣ ба нақл аз фармондори Қоҳира гузориш карда, ки дастикам 50 нафари дигар низ дар ин инфиҷор захмӣ шудаанд.

Ба гузориши Руйтерз, шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки пас аз вуқӯъи инфиҷор садои тирандозӣ низ аз ин маҳал ба гӯш мерасид, аммо мушаххас нест, ки далели он чи будааст.

Телевизиюни давлатӣ ба нақл аз бархе аз раҳгузарон гуфтааст, ки пас аз инфиҷори бумб чанд фарди мусаллаҳи мутурсавор ба сӯйи сохтмон оташ гушуданд ва сипас аз маҳал мутаворӣ (дур) шуданд.

Тасовире, ки аз ин ҳодиса мухобира шуда, қитаъоти филиз ва шишаро нишон медиҳад, ки дар фосилае нисбатан дур аз сохтмон пароканда шудааст.

Нигаронӣ аз ифротгароӣ

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳ ё фарде масъулияти ин инфиҷори интиҳориро бар уҳда нагирифта, аммо вуқӯъи он як рӯз пас аз солгарди қиёми мунҷар ба суқути Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии пешини Миср, нигарониҳоеро дар мавриди ояндаи ин кишвар дар пай овардааст.

Image copyrightAP
Image caption Аксари кушташудагон аз маъмурони амниятӣ будаанд

Тайи се соле, ки аз канорагирии Ҳуснӣ Муборак мегузарад, саҳнаи сиёсии Миср ҳамчунон дастхуши бесаботӣ ва нооромӣ буда, ки дар ҷараёни он, қудрат нахуст ба артиш ва сипас ба як раиси ҷумҳурии интихобӣ интиқол ёфт ва бори дигар ба артиш бозгашт.

Камтар аз ду ҳафта пеш, барои дувумин бор дар ин муддат мардуми Миср дар ҳамапурсии Қонуни асосӣ ширкат карданд. Ба гуфтаи давлати таҳти ҳимояти низомиён, мардум бо аксарияти қобили таваҷҷуҳи оро онро таъйид кардаанд.

Қонуни асосии замони Ҳуснӣ Муборак пас аз канорагирии ӯ ба ҳолати таълиқ даромад ва ҷойи худро ба мусаввабаи иҷроии артиш дод.

Нахустин Қонуни асосӣ пас аз оқои Муборак дар соли 2012 ва таҳти назари раиси ҷумҳурӣ ва порлумони исломгарои Миср тасвиб шуд. Аммо тасвиби ин қонун мухолифат ва тазоҳуроти мунҷар ба суқути Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии интихобиро, ба дунбол дошт.

Дар ҳоле ки давлати интиқолии Миср гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслиминро ба унвони як созмони теруристӣ ғайриқонунӣ эълом карда, инфиҷори рӯзи ҷумъа ин нигарониро ба дунбол дошта, ки мумкин аст фишор бар исломгароён боъиси гароиши гурӯҳҳои тундрав ба амалиёти хушунатомез шуда бошад.

Ихвонулмуслимин ҳамвора тавассул ба чунин амалиётеро такзиб карда, аммо пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ ҳамла ва бумбгузорӣ ба нафарот ва марокизи давлатии Миср шиддат гирифтааст. Бархе манобеъ гурӯҳҳои исломгарои тундравро масъули ин ҳамалот донистаанд.

Матолиби муртабит