Ширкати раъйдиҳандагони мисрӣ дар ҳамапурсии қонуни асосии ҷадид
Image copyrightReutersДар ҳоле ки нахустин рӯз аз ҳамапурсӣ барои қонуни асосии ҷадиди Миср шурӯъ шуда, тарафдорони раиси ҷумҳурии собиқи Миср ширкат дар ин ҳамапурсиро таҳрим кардаанд.
Субҳи рӯзи сешанбеи 24 даймоҳ (14 январ) марокизи раъйгирӣ дар ҳамапурсии қонуни асосии Миср кори худро таҳти тадобири амниятии густарда оғоз карданд. Мизони мушорикат ва натиҷаи ҳамапурсӣ шохисе барои санҷиши ҳимояти мардум аз артиш маҳсуб мешавад.
Раъйгирӣ соъати ҳафти бомдод ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва соъати ҳафти шаб поён меёбад ва идомаи раъйгирӣ ба рӯзи дувум мавкул хоҳад шуд.
Ин нахустин раъйгирӣ аз замони сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ дар моҳи июл ва интиқоли қудрат ба давлати интиқолии таҳти ҳимояти артиш аст. Ба гуфтаи мақомоти мисрӣ, 160 ҳазор тан аз нафароти артиш бо ҳамкории 200 ҳазор маъмури пулис вазифаи ҳифозат аз марокизи раъйгирӣ ва соири нуқоти ҳассосро бар уҳда доранд.
Лаҳазоте қабл аз оғози раъйгирӣ инфиҷоре дар баробари муҷтамаъи қазоии Қоҳира рӯй дод, ки ба ин сохтмон осеб расонд, аммо хисороти ҷонӣ ба дунбол надошт.
Аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ тавассути артиши Миср тарафдорони ӯ, бахусус гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин, ба баргузории тазоҳуроти эътирозӣ идома дода ва тасмими давлати интиқолӣ ба ғайриқонунӣ кардани ин гурӯҳ ба иттиҳоми терурист будан низ монеъ аз баргузории тазоҳуроти пароканда нашудааст.
Дар ин муддат марокиз ва нафароти артиш ва пулиси Миср дар чанд маврид ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона ва бумбгузорӣ қарор гирифта ва талафоте додаанд ва мақомоти давлатӣ исломгароён, аз ҷумла Ихвонулмуслиминро, ба даст доштан дар ин амалиёт муттаҳам кардаанд.
Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки ҳамзамон бо баргузории ҳамапурсӣ ба тазоҳуроти густардае дар саросари Миср даст хоҳад зад.
Гурӯҳи Ихвонулмуслимин, ки раиси ҷумҳурии барканоршуда ба он таъаллуқ дошт, қонуни асосии ҷадидро "қонуни асосии хунин" тавсиф карда ва гуфтааст, ки оқои Мурсӣ ҳамчунон раиси ҷумҳури қонунӣ аст ва баргузории ҳамапурсӣ бидуни барномарезӣ ва назорати давлати ӯ ғайриқонунӣ аст.
Ин гурӯҳи исломгаро аз мардум хостааст аз ширкат дар ҳамапурсӣ худдорӣ кунанд.
Иқдоми артиш дар барканории Муҳаммад Мурсӣ дар моҳи июли соли милодии гузашта дар пайи чанд моҳ тазоҳуроти мухолифони оқои Мурсӣ сурат гирифт, ки бо талафоте низ ҳамроҳ буд ва саранҷом ба таҷаммуъи сад ҳазор тан аз муътаризон дар майдони Таҳрири Қоҳира мунҷар шуд.
Дархости артиш аз мардум
Яке аз далоили эътироз алайҳи оқои Мурсӣ иттиҳоми истифода аз аксарияти исломгароён дар порлумон барои тасвиби қонуни асосии ҷадиде буд, ки ба гуфтаи мухолифон, боъис мешавад шаклгирии низоми демукротик дар Мисрро номумкин ва заминаи истиқрори як низоми ҳукумати динӣ фароҳам шавад.
Бо барканории Муҳаммад Мурсӣ артиши Миср қонуни асосиро ба ҳолати таълиқ даровард.
Дар замони барканории Муҳаммад Мурсӣ артиш барномаеро эълом кард, ки тибқи он, қарор шуд пас аз тасвиби қонуни асосии ҷадид интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ баргузор шавад ва қудрат ба як давлати ғайринизомӣ интиқол ёбад.
Бо ин ҳама, дар рӯзҳои ахир, женерол Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср, гуфтааст, ки "агар мардуми Миср хоста бошанд", омода аст ба унвони номзади риёсати ҷумҳурӣ дар интихобот ширкат мекунад.
Женерол ас-Сисӣ дар остонаи баргузории ҳамапурсӣ аз мардум хост, то бо ҳузури густарда дар раъйгирӣ эътибори ҷаҳонӣ ва дастовардҳои инқилоби Мисрро ҳифз кунанд.
Дар феврали соли 2011 Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср, дар пайи чанд рӯз таҷаммуъи эътирозии мардум аз симати худ канора гирифт ва аз он замон аз ин ҳаракати эътирозӣ ба унвони инқилоби демукротики мардуми Миср ном бурда мешавад.
Ҳамапурсии қонуни асосии ҷадид панҷумин раъйгирӣ аз замони истеъфои Ҳуснӣ Муборак аст ва ба гуфтаи нозирон, агарчи баъид аст дар наҳваи ахз ва шумориши оро тақаллубе сурат гирад, аммо шароите, ки ин ҳамапурсӣ дар он баргузор мешавад, бо завобити раъйгирии демукротик, монанди озодии ҳамаи гурӯҳҳо ва ақоид барои таблиғот ва таъсиргузорӣ бар тасмими раъйдиҳандагон интибоқи комил надорад.
Пешнависи қонуни асосии ҷадид тавассути як кумите тадвин шуда, ки нерӯҳои либерол дар он аксарият доштаанд ва яке аз усули онро ҷудоии дин аз сиёсат ба унвони яке аз пешшартҳои истиқрори низоми демукротик ташкил медиҳад. Ҳуқуқи баробар барои занон ва ақаллиятҳои динӣ аз дигар бахшҳои ин пешнавис аст, ки бо қонуни асосии қаблӣ тафовут дорад.
Дар айни ҳол, ин қонуни асосӣ ба артиши Миср иҷоза медиҳад, то тайи ҳашт соли оянда номзади тасаддии симати вазорати дифоъро интихоб ва ба раиси ҷумҳурӣ муъаррифӣ кунад. Ҳамчунин, дар мавриди бархе ҷароим, парвандаҳои ғайринизомиёнро ба додгоҳҳои низомӣ ирҷоъ диҳад.
Дар гузашта маъмулан симати вазорати дифоъ ба фармондеҳи кулли артиш муҳаввал мешуд, аммо тасмимгирӣ дар ин замина бар уҳдаи раиси ҷумҳурӣ буд. Ба далоили таърихӣ артиши Миср аз маҳбубият дар миёни мардум бархурдор будааст.
Қонуни асосии қаблии Миср дар декабри соли 2012 ба ҳамапурсӣ гузошта шуд ва бо аксарияти 64 дарсади орои ширкаткунандагон ба тасвиб расид, аммо танҳо 30 дарсад аз воҷидини ҳаққи раъй дар он ҳамапурсӣ ширкат карда буданд, ки ба ин тартиб, қонуни асосии собиқ фақат аз ҳимояти ҳудуди 18 дарсад аз воҷидини ҳаққи раъй бархурдор буд.
Артишиёни Миср умедворанд, ки қонуни асосии ҷадид бо касби ҳимояти густардатар зимни тазъифи мавқеъияти исломгароёни тарафдори Муҳаммад Мурсӣ аз эътибори бештаре бархурдор ва боъиси саботи сиёсӣ дар кишвар шавад.
Ба гуфтаи нозирон, бо гузашти се сол аз суқути Ҳуснӣ Муборак, бесаботӣ дар Миср ба иқтисоди ин кишвар осеб зада ва бисёре аз мардум хоҳони он ҳастанд, ки давлат бо бозгардондани оромиш ва амният заминаи беҳбуди авзоъи иқтисодиро фароҳам оварад.
