Мушорикати 'боло' дар ҳамапурсии Миср

  • 16 Январ, 2014
ҲамапурсӣImage copyrightReuters
Image caption Низомиён умедворанд тасвиби қонуни асосии ҷадид ба тазъифи исломгароён ва саботи сиёсӣ биянҷомад

Мақомҳои мисрӣ мегӯянд мизони мушорикати мардум дар ҳамапурсии қонуни асосӣ "чашмгир" будааст.

Ба гузориши Осушиэйтид Прес, рӯзи чаҳоршанбеи 15 январ (25 даймоҳ) пас аз итмоми замони ҳамапурсӣ Набил Салиб, раиси кумитеи баргузории ин реферондум, ба телевизиюни давлатии Миср гуфт, ки мизони мушорикати мардум дар ин ҳамапурсӣ ҳатто фаротар аз раъйгирии қаблӣ будааст.

Рӯзи дувуми ин ҳампурсӣ умдатан ором баргузор шуд, аммо рӯзи аввал (сешанбе) дар ҷараёни даргирӣ миёни ҳомиёни Муҳаммад Мурсӣ ва мухолифони ӯ нуҳ нафар кушта шуданд. Ҳамчунин гузориш шуда, ки дар ду рӯзи баргузории ҳамапурсӣ ҳудуди 400 нафар дастгир шудаанд.

Давлати интиқолии таҳти ҳимояти низомиён барои таъйиди барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури пешини Миср, ба дунболи раъйи мусбати мардум ба қонуни асосии ҷадид аст ва мизони мушорикат ва натиҷаи ҳамапурсӣ шохисе барои санҷиши ҳимояти мардум аз артиш маҳсуб мешавад.

Аммо тарафдорони оқои Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин ин ҳамапурсиро таҳрим кардаанд ва мегӯянд, ки барканории ӯ "ғайриқонунӣ" буда ва аз он бо унвони "кудетои низомӣ" ёд мекунанд.

Қонуни асосии феълӣ дар замони риёсати ҷумҳурии Муҳаммад Мурсӣ тасвиб шуда буд.

Ин нахустин раъйгирӣ аз замони сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ дар моҳи июл ва интиқоли қудрат ба давлати интиқолии таҳти ҳимояти артиш аст.

Ба гузориши Руйтерз, яке аз мақомҳои аршади вазорати кишвари Миср ба як шабакаи телевизиюнии хусусӣ гуфта мизони мушорикати мардум дар ҳамапурсӣ ҳудуди 55 дарсад аст. Бо ин ҳол, дар шаҳрҳо ва манотиқе, ки Ихвонулмуслимин ҳаводорони бисёре дорад, мизони мушорикат пойин гузориш шудааст.

Набил Салиб, раиси Кумисиюни интихоботи Миср, аз эъломи натоиҷи ҳамапурсӣ дар рӯзи ҷумъаи 17 январ хабар дода, аммо аз ҷузъиёти мизони мушорикат сухане нагуфтааст.

Ҳамзамон телевизиюни давлатии Миср дар гузорише мизони мушорикатро 50 дарсад эълом карда ва гуфта, ки ҳудуди 90 дарсад аз посухҳо "оре" будааст.

Расонаҳои давлатӣ аз ин ҳамапурсӣ ба увони "ҷашни демукросӣ" ном мебаранд, унвоне, ки дар замони ҳукумати Ҳуснӣ Муборак бакаррот истифода мешуд, аммо аз замони сарнагунии ӯ дар январи соли 2011 камтар истифода шудааст.

Ҳамапурсии қонуни асосии ҷадид панҷмуин раъйгирӣ аз замони сарнагунии Ҳуснӣ Муборак аст ва ба гуфтаи нозирон, агарчи баъид аст дар наҳваи ахз ва шумориши оро тақаллубе сурат гирад, аммо шароите, ки ин ҳамапурсӣ дар он баргузор мешавад, бо завобити раъйгирии демукротик, монанди озодии ҳамаи гурӯҳҳо ва ақоид барои таблиғот ва таъсиргузорӣ бар тасмими раъйдиҳандагон, интибоқи комил надорад.

Пешнависи қонуни асосии ҷадид тавассути як кумите тадвин шуда, ки нерӯҳои либерол дар он аксарият доштаанд ва яке аз усули онро ҷудоии дин аз сиёсат ба унвони яке аз пешшартҳои истиқрори низоми демукротик ташкил медиҳад.

Ҳуқуқи баробар барои занон ва ақаллиятҳои динӣ аз дигар бахшҳои ин пешнавис аст, ки бо қонуни асосии қаблӣ тафовут дорад.

Ин кумите муташаккил аз 50 узв будааст, ки фақат ду намоянда аз аҳзоби исломгаро дар он ҳузур доштанд.

Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ ва мухолифони давлати интиқолӣ муддаъиянд, ки қонуни асосии ҷадид комилан мунтабиқ бар дидгоҳҳо ва сиёсатҳои давлати интиқолӣ ва артиш танзим шудааст.

Матолиби муртабит